Ҷилавгирӣ аз қочоқи бист номгӯй молҳои эронӣ
ДУШАНБЕ, 15.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷилавгирии зиёда аз 20 номгӯй маҳсулоти қочоқӣ дар дидбонгоҳи гумрукии «Регар», воқеъ дар ғарби Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, арзиши умумиии молҳои мазкур беш аз 2,5 миллион сомонӣ арзёбӣ мегардад.
Гуфта мешавад, ки 20 номгӯй маҳсулот, аз қабили чой, ҳалво, сару либоси мардонаву занона, қолин ва ғайра, ки беш аз 300 тоннаро ташкил медиҳад, шаҳрванд О.М. ҳамчун намояндаи ширкати «Тозагии савдо» дар шаш вагон аз Эрон бидуни назорати гумрукӣ ба Тоҷикистон ворид намудааст.
Нисбат ба шаҳрванд О. М. парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои тафтишот ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол гардидааст.








Имрӯз дар дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд






