Имрӯз дар Душанбе 36-38 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад

Июнь 14, 2017 08:54

ДУШАНБЕ, 14.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии  обуҳавошиносии кишвар,  имрӯз, 14 июн дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

Бар асоси пешгӯии марказ, дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр буда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона  9-14  ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 3-2 дараҷа  ва рӯзона 12-17  дараҷа гармӣ пешгӯӣ шудааст.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, ҳарорати ҳаво шабона ба 12-17  ва рӯзона ба 30-35 дараҷа мерасад.

Дар  вилояти Суғд ҳаво қисман абрнок шуда,  дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат  пешбинӣ мешавад. Дар водиҳо гармии ҳаво  шабона 20-25  ва рӯзона 31-36 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво қисман  абрнок шуда,  дар баъзе маврид  борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо шабона 15-20  ва рӯзона 34-39 дараҷа гармӣ пешгӯӣ шудааст.

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, гармии ҳаво шабона 16-18  ва рӯзона 36-38  дараҷаро ташкил медиҳад.

 

Июнь 14, 2017 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд