Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад

Июнь 21, 2017 10:10

ДУШАНБЕ, 21.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 21 июн дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо борон меборад.

Бар асоси пешгӯии Агентӣ, дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҷойҳо боридани борон дар назар дошта шудааст. Дар ғарби ВМКБ  шабона  12-17 ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона то 5 дараҷа ва рӯзона аз 12 то 17 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 20-25 ва рӯзона 38-43 дараҷа, дар вилояти Суғд ҳаво шабона 21-26 ва рӯзона 36-41 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво қисман  абрнок гардида, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона ба 17-22 ва рӯзона ба 36-41 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, гармии ҳаво шабона 18-20 ва рӯзона 38-40 дараҷаро ташкил медиҳад.

Июнь 21, 2017 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд