Имрӯз дар Душанбе гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад

Июнь 16, 2017 09:37

ДУШАНБЕ, 16.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар,  имрӯз, 16 июн дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, гармии он дар баъзе минтақаҳо то 44 дараҷаро ташкил медиҳад.

Бар асоси пешгӯии Агентӣ, дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, дар ғарби вилоят   шабона  11-16 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 1-4 дараҷа ва рӯзона 15-20 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 20-25 ва рӯзона 39-44 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Ҳаво шабона 19-24 ва рӯзона 36-41 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво қисман  абрнок гардида,  дар водиҳо шабона ба 16-21 ва рӯзона ба 36-41 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст, гармии ҳаво шабона 17-19 ва рӯзона 38-40 дараҷаро ташкил медиҳад.

 

Июнь 16, 2017 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд