Имрӯз марҳилаи дуюми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ оғоз гардид

Июнь 20, 2017 14:53

ДУШАНБЕ, 20.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави кишвар давоми 26 соли охир соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, махсусан инфрасохтори он ба маротиб рушд ёфта, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.

Қобили зикр аст, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, он маҳз ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ равона гардидааст.

Дар шароити имрӯзаи рушд ва тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Кумитаи тадорукоти Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бо роҳбарии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ таъсис дода шуд. Масъулини соҳа баҳри рушди намудҳои миллии варзиш, аз қабили чавгонбозӣ, бузкашӣ, камандкашӣ, камонварӣ, найзазанӣ, шамшербозӣ, шатранҷбозӣ, арғунчакбозӣ, пойандозкашӣ, чилликдангалбозӣ, буҷулбозии ҳарифона, варзишҳои сабук, гӯштингирӣ, гимнастика, дорбозӣ, гулулапартоӣ, варзиши вазнин ва сангбардорӣ бахшида ба Иди Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки зиёда аз 23 ҳазор нафар варзишгарон марҳилаи якуми Фестивали бозиҳои миллии варзиширо дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намуданд.

Дар асоси консепсия ва тартиби баргузории Фестивали мазкур бо мақсади эҳё, рушд ва амалии бозиҳои миллии варзишӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодон, ҳамзамон таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб дар байни насли наврасу ҷавон, баргузории марҳилаи дуюми он бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар сатҳи минтақавӣ ба нақша гирифта шудааст.

Шурӯъ аз 20 июни соли равон дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ марҳилаи дуюми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз рӯи намудҳоизамимагардида дар сатҳи минтақавӣ баргузор карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки тибқи таҳлили коршиносон ва мутахассисони намудҳои миллии варзиш Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз рӯи 2 намуди бозиҳо, яъне намудҳои сабқат ва рақобати даставӣ ва намудҳои бозиҳои намоишӣ муқаррар гардидааст, ки аз рӯи тартиб чунин тақсимбандӣ гардиданд:

  • Намудҳои миллии варзишие, ки аз рӯи онҳо мусобиқаҳои даставӣ баргузор карда мешаванд:
  1. Гӯштингирӣ ё гӯштини миллии суннатӣ;
  2. Чавгонбозӣ;
  3. Шиноварӣ;
  4. Вазнбардорӣ (сангбардорӣ);
  5. Дастхобонӣ;
  6. Пойга (варзиши сабук, давидан ба масофаҳои 200,400,800 метр)
  7. Шоҳмот;
  8. Бандкашӣ.
  • Намудҳои миллии варзишие, ки ҳамчун намудҳои намоишӣ дар ҷараёни оғози Фестивал ба маърази мардум гузошта мешаванд:
  1. Хурӯсҷанг;
  2. Чиликдангал (чиликбозӣ);
  3. Ланкабозӣ;
  4. Биҷилбозӣ (Буҷулбозӣ);
  5. Камонварӣ;
  6. Шамшерзанӣ;
  7. Камолғулак;
  8. Фалағмолпартоӣ (фалахмон);
  9. Ҳойталак;
  10. Бандпарак.
Июнь 20, 2017 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад