Имтиёзҳои андозию гумрукӣ барои воридоти нақлиёт, таҷҳизоти тиббӣ ва захираи озуқа
ДУШАНБЕ, 14.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» иловаҳо ворид намуданд.
Тибқи он Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои захира намудани маҳсулоти озуқа ва воридоти нақлиёти мусофирбар дар пойтахт аз имтиёзҳои андозию гумрукӣ бархурдор мегардад.
Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмаҳмадова зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки тибқи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» Корхонаи харид, захира ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ барои захираи маҳсулоти озуқа дар мавсими тирамоҳу зимистон аз пардохти андозу боҷи гумрукӣ озод мегардад.
Интизор меравад, ки барои мавсими тирамоҳу зимистон дар пойтахт 90 ҳазор тонна маҳсулоти озуқа захира гардад.
Тибқи ин тарҳ, воридоти автобусҳои мусофиркашонӣ, ки чанде пеш аз Туркия ба пойтахт ворид карда шуданд, аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд. Ҳамзамон вакилони Парлумон ҷиҳати воридоти дастгоҳи универсалии ангиографии ширкати пешрафтаи ҷопонии «Тошиба» барои Беморхонаи ҷумҳуриявии Данғара сабукӣ доданд. Арзиши ин дастгоҳи ҳозиразамони тиббӣ 5,5 миллион сомонӣ буда, он барои ҷарроҳии ҷигар ва гурда истифода бурда мешавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






