Имтиёзҳои андозию гумрукӣ барои воридоти нақлиёт, таҷҳизоти тиббӣ ва захираи озуқа

Июнь 14, 2017 16:00

ДУШАНБЕ, 14.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии  Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» иловаҳо ворид намуданд.

Тибқи он Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои  захира намудани маҳсулоти озуқа ва воридоти нақлиёти мусофирбар дар пойтахт  аз имтиёзҳои андозию гумрукӣ  бархурдор мегардад.

Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Меҳринамо Ҷонмаҳмадова зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки тибқи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» Корхонаи харид, захира ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ барои захираи маҳсулоти озуқа дар мавсими тирамоҳу зимистон аз пардохти андозу боҷи гумрукӣ озод мегардад.

Интизор меравад, ки барои  мавсими тирамоҳу зимистон дар пойтахт 90 ҳазор тонна маҳсулоти озуқа захира гардад.

Тибқи ин тарҳ, воридоти автобусҳои мусофиркашонӣ, ки чанде пеш аз Туркия ба пойтахт ворид карда шуданд,  аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд. Ҳамзамон вакилони Парлумон ҷиҳати воридоти дастгоҳи универсалии ангиографии ширкати пешрафтаи ҷопонии «Тошиба» барои Беморхонаи ҷумҳуриявии Данғара сабукӣ доданд. Арзиши ин дастгоҳи ҳозиразамони тиббӣ 5,5 миллион сомонӣ буда, он барои  ҷарроҳии  ҷигар ва гурда истифода бурда мешавад.

Июнь 14, 2017 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид