Иттифоқи композиторони Тоҷикистон маҳфили эҷодии «Мусиқии миллӣ-садои тамаддуни миллати тоҷик»-ро доир намуд

Июнь 8, 2017 17:27

ДУШАНБЕ, 08.06.2017. /АМИТ Ховар/. Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон ва таҷлили сазовори 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ баҳри баланд бардоштани мақоми мусиқии касбии тоҷик дар ҷомеаи муосир, рушди мукаммали тафаккури бадеиву маънавии аҳли ҷомеа, хусусан наврасону ҷавонон баргузории маҳфилҳои гуногуни тарбиявию эҷодиро  роҳандозӣ менамояд.

Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ин замина Иттифоқи композиторони Тоҷикистон таҳти унвони «Вохўриҳои ду насл» дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар намоиши китобии асарҳои композиторони тоҷик ва маҳфили эҷодии «Мусиқии миллӣ- садои тамаддуни миллати тоҷик»-ро бо хонандагони фаъоли мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе доир намуд.

Дар маҳфил композиторону мусиқишиносон ва адибон ширкат варзида, вобаста ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистон, анъанаҳои гаронарзиши миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ суҳбат оростанд. Аз ҷониби наврасон барнома аз эҷодиёти адибон ва композиторони муосири тоҷик пешниҳод гардид.

Тавре Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низомов иброз намуд, фарҳанги мусиқии тоҷикон заминаҳои хеле ғанӣ дошта, бо анъана, таърихи қадимӣ, олами зебои созҳои мусиқӣ, гуногунрангӣ ва хусусиятҳои хоси худ шуҳрат ёфта, дар пешрафти  фарҳанги  мусиқии ҷаҳонӣ саҳми назаррас дорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду нумуъ ва пешбурди фарҳанги миллӣ, шинос намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои фарҳангии халқи тоҷик, инкишофи санъати анъанавии миллӣ, санъати касбӣ, инкишофи бонизоми соҳаи фарҳанг ва махсусан масъалаҳои боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд, ки он ифодагари иқдомоти муассири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзи мероси фарҳангии халқи тоҷик ва таҳвили он ба наслҳои оянда мебошад.

Иттифоки композиторон дар китобхонаи Миршакар1

 

 

Июнь 8, 2017 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст