Кӯмаки моддии Пешвои миллат ба бошандагони Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 25.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар арафаи Иди Саиди фитр дар асоси дастуру супоришҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ба Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе кӯмаки яквақтаи моддии Пешвои миллатро тақдим намуда, барои бошандагон дастархони идона оростанд.
Нахуст Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ба 100 нафар шахсони яккаву танҳо, маъюб, нафақахӯр ва нафароне, ки дар зиндагӣ ба ғамхории ҳамешагии давлату ҳукумат ниёз доранд, 1000 сомонӣ тӯҳфаи идонаи Пешвои миллатро тақдим карданд.
Ин тадбири хайр идомаи мантиқии сиёсати неку бобарори иҷтимоӣ ва таваҷҷӯҳи ҳамешагии Сарвари давлат нисбат ба шахсони эҳтиёҷманд, бепарастор, ятим, маъюб ва дигар табақаҳои ниёзманд мебошад, ки дар арафаи иди саиди фитр, моҳи хайру эҳсон амалӣ гардид.
Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун шахси раъиятпарвар ва ғамхори миллат доимо аз аҳли ҷомеа дасти кӯмаку хайр дароз кардан ба табақаҳои ниёзмандро талаб менамоянд. Хушбахтона имрӯзҳо ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳида бо ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои саховатмандонаи Президенти мамлакат мактаб-интернатҳо, хонаи кӯдакон, марказҳои тавонбахшии шахсони маъюб, инчунин ятимони куллро ба сарпарастӣ гирифта, дар арафаи ҷашнҳои давлатию миллӣ ва ҳам дар дигар иду айём ба аёдати эҳтиёҷмандон рафта, ба онҳо кӯмаки моддию маънавӣ мерасонанд.
Сарпарастии Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанберо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба зимма дорад ва то имрӯз бо пуштибонӣ аз ташаббусҳои хайрхоҳонаи Президенти мамлакат доимо аз шароити будубоши онҳо бохабар ҳастанд ва барои зисташон тамоми шароитҳои иҷтимоиро муҳайё кардаанд.
Зимни суҳбат бо пиронсолон аз шароити буду бош, истироҳату табобат ва дигар имтиёзҳое, ки аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар барои онҳо муҳайё карда гардидаст, пурсида шуд.
Нафақахӯрону маъюбон дар навбати худ ҳар кадоме бо изҳори сипос ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамешагӣ миннатдорӣ баён карда, дуои бақои давлату миллат ва саломатии Раҳбари ғамхори хешро намуданд.
Имрӯз дар баробари расондани кӯмаки моддӣ, ҳамчунин дар асоси супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нафақахӯрону маъюбони ин даргоҳ дастархони пурнозу неъмат бо чанд намуд таомҳои лазиз, шириниҳо ва меваҷоти гуногун, ки табъи дил ва хоҳиши пиронсолон буд, ороста шуд.
Дар Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тиббӣ, ҳуқуқӣ ва равонӣ расонда мешавад, ки ин ҳама аз ғамхориҳои Ҳукумати кишвар барои табақаҳои эҳтиёманди аҳолӣ мебошад.











НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 70 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд
ИНТИХОБИ МАН — МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Дастоварду норасоиҳои соҳаи дорусозӣ кадомҳоянд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст
Дар Тоҷикистон то 5 феврал ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 шумораи қонуншиканиҳо дар самти танзими ҷашну маросим коҳиш ёфт
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
САДА АЗ ОМАДАНИ БАҲОР ВА АНҶОМИ САРМО БАШОРАТ МЕДИҲАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷашни Сада ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: «Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад»
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе натиҷагирӣ карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тафсири Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» кай омода ва нашр мегардад?






