Конференсияи байналмилалӣ дар бораи нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ба кори худ оғоз кард
ДУШАНБЕ, 15.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» ба кори худ оғоз кард.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар оғози кори конференсия ректори Донишгоҳ Муҳаммадюсуф Имомзода ҳозиринро хайрамақдам гуфта, Ваҳдати миллиро бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз арзишмандтарин ва нодиртарин дастоварди миллати тоҷик унвон кард.
Дар назар аст, ки конференсия ду рӯз идома ёфта, дар кори он олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ, вакилони мардумӣ, муҳаққиқон, судяҳо, прокуророн, мутахассисони варзидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, намояндагони муассисаҳои олии касбӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намоянд. Дар баробари донишмандони ватанӣ, ҳамзамон мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Авакян Сурен низ иштирок ва маърӯза хоҳад кард.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






