Конференсияи илмӣ-адабӣ дар Вазорати фарҳанг: дар мавзӯи Ваҳдат зиёда аз 5000 маводи чопӣ ва электронӣ интишор гардидаанд

Июнь 23, 2017 09:44

ДУШАНБЕ, 23.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июни соли 2017 конференсияи  илмӣ-адабӣ ва маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 20 –солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Тавре аз Маркази матбуоти ин вазорат хабар доданд,  конференсияро  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон   Шамсиддин Орумбекзода   ифтитоҳ намуда,  ҳозиринро бо ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ  табрик намуд.

Сипас, директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот» Шарифҷон Комилзода дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ – дастоварди бузурги даврони соҳибистиқлолӣ» маърӯза намуд. Номбурда зикр кард, ки тӯли 20 сол дар мавзӯи Ваҳдат ва ваҳдатшиносӣ аз ҷониби коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ зиёда аз 5000 маводи чопӣ ва электронӣ интишор гардидаанд.

«Имрӯз таҷрибаи беназири сулҳофарии тоҷикон мавриди омӯзиши муҳаққиқони зиёди ҷаҳонӣ қарор гирифтааст» — иброз дошт Шарифҷон Комилзода.

Директори Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» Сироҷиддин Ибронов дар мавзӯи «Корвони китоб дар ҳошияи Ваҳдати  миллӣ» маърӯза намуда, зикр кард, ки дар тӯли 12 соли охир дар доираи барномаҳои давлатӣ ва ҷалби дигар манбаъҳо тавассути Корвони «Китоб» китобхонаҳои кишвар бо 315 655 нусха маводи чопӣ мукаммал гардонида шудаанд. Ин иқдом дар ҳошияи нуктаи пандомези Пешвои миллат  муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон:«Миллати мо аз қадим китобдору китобхон буд  ва мо бояд ин анъанаро ҳифз намуда, идома диҳем», тарҳрезӣ шудааст.

Сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанг шоир Давлат Сафар ва муовини роҳбари муассисаи нашриявии «Ирфон» Ҳабиб Сулаймонӣ дар васфи Ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат пораҳои шеърӣ қироат намуда, табъи сомеонро хуш гардониданд.

 

Июнь 23, 2017 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид