Корхонаи «Меҳри модар»-и ноҳияи Дарвоз зиндагии занону духтарони ин ноҳияро рангинтар намудааст
ХОРУҒ, 07.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз дар баробари дигар масъалаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ба таъсиси ҷойҳои корӣ, бахусус барои занону духтарон диққати зарурӣ равона мекунанд. Чанд сол пеш дар маркази ноҳия -шаҳраки Қалъаихумб фақат як корхонаи хурди дӯзандагӣ бо ҷалби 20 нафар занону духтарон фаъолият дошт.
«Аммо се сол қабл вазъият ба куллӣ тағйир ёфт. Айни ҳол дар корхонаи дӯзандагии «Ахгар»-и ҷамоати деҳоти Сағирдашт 80 нафар ва дар Маркази бонувон бо номи «Меҳри модар» 150 нафар бонувон ба кор ҷалб шудаанд»,- мегӯяд мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз Гулдаста Мирзаминова.
Маркази «Меҳри модар», ки соли 2015 бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шурӯъ кард, дар коҳиши бекорӣ байни занону духтарони ноҳия воқеан нақши муассир гузошт. Соли гузашта ин корхона ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ либоси ягонаи мактабӣ ба фурӯш баровард. Либоси дӯхтаи ин корхона зебову шинам ва арзон аст. Аз ин рӯ соли равон ҳатто муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон низ дархост пешниҳод намуданд, то корхона барои шогирдони мактаб либос омода намояд.
Ҳунармандони корхонаи «Меҳри модар» ба дӯхтани либосҳои миллӣ барои занону мардон, кӯдакону наврасон, либосҳои мӯди ғарбӣ, инчунин зардӯзӣ, тоқидӯзӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ низ машғуланд.
Ду сол қабл бо мақсади дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба рушди ҳунари қолинбофӣ дар корхона коргоҳи алоҳида кушода шуд. Ҳоло дар ин коргоҳ 8 нафар бонувон ба қолин ва адрасбофӣ машғуланд ва зиёда аз 10 нафар ҷавондухтарон зери назари устодон ин касбро аз худ мекунанд.
Роҳбарияти корхона ба шароити маишии коргарон низ аҳамияти хоса зоҳир мекунад. Дар ошёнаи сеюми бинои Кохи бонувон ошхона барои 150 нафар ҷойгир аст ва дар он ҳар нисфирӯзӣ барои бонувон таомҳои болаззат омода менамоянд. Дар рӯзҳои истироҳат мувофиқи шартнома сокинони маркази ноҳия ва деҳоти атрофи он тӯю маъракаҳои хурсандии худро дар ин толор баргузор мекунанд.
Маркази бонувон мавсум ба «Меҳри модар» яке аз муассисаҳои давлатие мебошад, ки на танҳо дар ноҳияи Дарвоз, балки дар ҳудуди ВМКБ ҳамто надорад ва барои ҷолибу рангин сохтани ҳаёти занону духтарони ин ноҳия нақши босазо мегузорад.











Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Тоҷикистон дар оғози моҳи якуми сол ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд






