Корхонаи «Меҳри модар»-и ноҳияи Дарвоз зиндагии занону духтарони ин ноҳияро рангинтар намудааст

Июнь 7, 2017 12:22

ХОРУҒ, 07.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз  дар баробари  дигар масъалаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ  ба таъсиси  ҷойҳои  корӣ, бахусус барои занону духтарон диққати  зарурӣ  равона мекунанд. Чанд сол пеш  дар маркази ноҳия  -шаҳраки Қалъаихумб  фақат як  корхонаи хурди дӯзандагӣ бо ҷалби  20 нафар занону духтарон фаъолият дошт.

«Аммо  се сол қабл  вазъият ба куллӣ тағйир ёфт. Айни ҳол  дар  корхонаи  дӯзандагии «Ахгар»-и ҷамоати деҳоти Сағирдашт  80 нафар  ва дар Маркази бонувон бо номи «Меҳри модар» 150 нафар  бонувон  ба кор ҷалб шудаанд»,- мегӯяд мудири бахши  кор бо занон  ва оилаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз Гулдаста Мирзаминова.

Маркази «Меҳри модар», ки  соли  2015  бо иштироки  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  ба фаъолият шурӯъ кард,  дар коҳиши бекорӣ байни занону духтарони ноҳия воқеан нақши муассир гузошт. Соли гузашта  ин корхона ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ либоси ягонаи мактабӣ  ба фурӯш баровард. Либоси дӯхтаи ин корхона зебову шинам ва арзон аст. Аз ин рӯ соли равон ҳатто муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон низ дархост пешниҳод намуданд, то корхона барои шогирдони мактаб либос омода намояд.

Ҳунармандони корхонаи «Меҳри модар» ба дӯхтани либосҳои миллӣ барои занону мардон, кӯдакону наврасон, либосҳои мӯди ғарбӣ, инчунин  зардӯзӣ,  тоқидӯзӣ,  қолинбофӣ, адрасбофӣ   низ машғуланд.

Ду сол қабл  бо мақсади дар амал татбиқ намудани қарори  Ҳукумати ҷумҳурӣ   оид ба рушди  ҳунари қолинбофӣ дар  корхона коргоҳи алоҳида  кушода шуд.  Ҳоло дар ин коргоҳ  8 нафар бонувон  ба қолин ва адрасбофӣ машғуланд ва зиёда аз 10 нафар  ҷавондухтарон зери назари устодон ин касбро аз худ мекунанд.

Роҳбарияти корхона  ба  шароити маишии  коргарон низ аҳамияти хоса зоҳир мекунад. Дар ошёнаи сеюми  бинои  Кохи бонувон  ошхона барои 150 нафар  ҷойгир аст ва дар он ҳар нисфирӯзӣ барои  бонувон   таомҳои  болаззат  омода менамоянд. Дар рӯзҳои истироҳат  мувофиқи шартнома сокинони маркази ноҳия ва деҳоти атрофи он  тӯю маъракаҳои хурсандии худро дар ин толор  баргузор мекунанд.

Маркази бонувон мавсум ба  «Меҳри модар» яке аз  муассисаҳои  давлатие мебошад, ки  на танҳо дар ноҳияи Дарвоз,  балки  дар ҳудуди ВМКБ  ҳамто надорад ва барои ҷолибу рангин сохтани ҳаёти занону духтарони ин ноҳия нақши босазо мегузорад.

Дарвоз.Корхонаи Мехри модар _2Дарвоз.Корхонаи Мехри модар _4 Дарвоз.Корхонаи Мехри модар _3

Июнь 7, 2017 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд