Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шаш нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Июнь 19, 2017 14:00

ДУШАНБЕ, 19.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш нафар кӯдакон ва наврасонро аз ғарқ шудан наҷот доданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Кумита Умеда Юсупова хабар дод, дар шабонарӯзи гузашта кормандони Кумита  ду амалиёти наҷотро муваффақона анҷом доданд. Бар асари он 6 нафар кӯдакон ва наврасон аз марг наҷот ёфтанд.

Аз ҷумла кормандони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд дар обанбори «Барқи Тоҷик» панҷ нафар ноболиғон аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки қоидаҳои оббозиро дағалона вайрон карда, қариб буд дар оби баҳр ғарқ шаванд, пешгирӣ намуданд.

Ҳодисаи ба ин монанд дар шаҳри Хоруғи ВМКБ рух дод. Аз бетаваҷҷуҳии волидон ва риоя накардани қоидаҳои оббозӣ духтари 14-солаи маҳаллӣ қариб буд, ки дар об ғарқ шавад. Вай ҳангоми оббозӣ дар ҳавзи фарҳангиву дилхушии шаҳр, бо истифода аз баллони худсохт дуртар аз соҳил рафт, вале баъдан баллон чаппагардон шуд ва ӯ дар ҳоли ғарқшавӣ қарор дошт.

Бо талоши кормандони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ ин духтар наҷот дода шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ волидонро ҳушдор менамояд, ки бачаҳоро дар назди ҳавзҳои оббозӣ беназорат нагузоранд, зеро таҷрибаҳо нишон доданд, ки аксари ҳодисаҳои нохуш дар об бар асари он рух медиҳад, ки волидон ба сарнавишти фарзандони худ бепарвоянд. Бачаҳо бояд ҳамеша зери назорат бошанд, бахусус дар ҳолатҳое, ки онҳо дар назди ҳавзҳо ва ё соҳили рӯдхонаҳо саргарми бозианд.

Хотиррасон мекунем, ки бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ чанд рӯзи оянда гармои шадид ва обу ҳавои хушк дар кишвар ҳифз мешавад. Болоравии ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои баландкӯҳ боиси об шудани барфҳову пиряхҳо мешавад ва ин оби рӯдхонаҳоро бештар мекунад. Ин ҳолат метавонад мӯҷиби омадани сел, резиши санг ва ярч шавад.

Дар иртибот ба ин Кумита аз сокинон ва меҳмонон хоҳиш мекунад, ки дар истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва истироҳат дар назди ҳавзҳову кӯлҳо ва соҳили рӯдхонаҳо ҳушёр бошанд.

 

Июнь 19, 2017 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид