Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат-роҳнамои ҷавонон барои имрӯзу ояндаи дурахшон
ДУШАНБЕ, 24.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат — роҳнамои ҷавонон барои имрӯзу ояндаи дурахшон» — таҳти чунин унвон дирӯз дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.
Тавре аз Академияи таҳсилоти Тоҷикистон хабар доданд, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ғуломқодир Бобизода зимни муаррифии натиҷаҳои сиёсати ваҳдатгароёна иброз намуд: «Пешвои миллат ҳанӯз дар Иҷлосияи шонздаҳуми тақдирсоз гуфта буданд, ки «ман ба шумо сулҳ меоварам ва барои расидан ба ин мақсад ҷонамро дареғ намедорам». Маҳз ҳамин суханон дар дили шаҳрвандони мамлакат шӯълаи умедро ба ояндаи нек равшан кард.
Ба андешаи Ғуломқодир Бобизода, Ваҳдати миллӣ, ки имрӯз дар саросари кишвар ҳукмфармост, барои инсонҳо якдилӣ, барои давлат якпорчагӣ, барои рушди он иттифоқи тамоми шаҳрвандон сарфи назар аз миллату дину мазҳаб тарҳрезии иқтисоди ягонаи барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа манфиатбахшро таъмин намудааст.
Инчунин дар конференсия дар мавзӯъҳои «Президент – кафили сулҳу Ваҳдати миллӣ», «Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат – мактаби тафаккури навини миллӣ», «Роҳҳои баланд бардоштани тарбияи ҳуқуқии хонандагон», «Арзишҳои тарбиявии асарҳои Пешвои миллат» ва «Таҳсилоти кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсуси таҳсилотӣ дар шароити муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» маърӯзаҳо шунида шуд.
Зикр шуд, ки Ваҳдати миллӣ бо таъмини осудаҳолии шаҳрвандони кишвар бузургтарин дастоварди миллии тоҷикон маҳсуб мешавад. Самимият, ҷасорат, майли бозоварии гурезагони тоҷики хориҷ аз мамлакат, дипломатияи олӣ ва дигар сифатҳои шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон ба вуҷуд оварданд, ки он рӯзҳои мудҳиш анҷом ёфта, Ваҳдати миллӣ тантана намояд.
Имрӯз дар дохили Тоҷикистон ва берун аз он ҷомеашиносон сулҳи тоҷиконро омӯхта, онро ба ҳайси дастоварди таърихӣ дар кишварҳои худ барои татбиқ тавсия медиҳанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






