Маросими гусели расмии Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Арманистон
ДУШАНБЕ, 15.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. 15 июни соли 2017 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон бо натиҷаҳои бобарор ба хотири таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Арманистон ба анҷом расид.
Расми гусели Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун маросими истиқболи расмӣ дар назди “Қасри Президент” ба таври бошукуҳ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Арманистон баргузор шуд.
Барои гусели меҳмони олимақом, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони назди қаср бо парчамҳои давлатии ду кишвар, сафҳои горди фахрии Арманистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ ороста буд.
Маросими бошукуҳи гусел бо садо додани сурудҳои миллии ду кишвар ба поён расид.
Ёдовар мешавем, ки сафари навбатии расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон бо қабули бастаи нави санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба анҷом расид. Бо қабули санадҳои нав маҷмӯи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи робитаҳои ҳамкории Тоҷикистону Арманистон ба беш аз 40 адад расида, ҳамкорӣ дар соҳаҳои алоқаи ҳавоӣ, телекоммуникатсия ва алоқаи почта, илму маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш ва ғайраро дар бар мегирад.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян бо эҳтироми хос ва самимӣ гусел намуд.
Рӯзи 15 июн баъди анҷоми сафари бобарори расмӣ дар Арманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Ереван ба Ватан баргаштанд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд






