Миқёси обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон Дабири кулли СММ Антониу Гутерришро дар ҳайрат монд
ДУШАНБЕ, 13.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шоми рӯзи якшанбе, 11 июн Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба Тоҷикистон ташриф овард. Ӯ зимни боздид аз кӯли Сарез, аз ин минтақаи кӯҳҳои Помир дар ҳайрат мондааст.
Дар ин бора котиби матбуотии ӯ хабар додааст.
«Дабири кулли СММ изҳор дошт, ки таъсири тағйирёбии иқлим, ки онро дар Тоҷикистон мушоҳида кард, ӯро дар ҳайрат гузошт. Тақрибан си дарсади пиряхҳои ин кишвар аллакай об шудаанд», — омадааст дар иттилоияи Маркази иттилооти СММ.
Зимни сафари худ ба Тоҷикистон Антониу Гутерриш бори дигар кишварҳои ҷаҳонро ба тақвият додани мубориза ба муқобили тағйирёбии иқлим даъват намуд. Ба гуфтаи ӯ, инсоният дигар ҳаққи аз даст додани фурсатро надорад.
Ёдовар мешавем, ки дар мавриди обшавии пиряхҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи “Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир”, ки 12 июни соли 2017 дар шаҳри Душанбе доир шуд, иброз намуданд, ки тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо гардида, ба ҳаҷми оби дарёҳо ва ба ин васила ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат, таъсири манфӣ мерасонад.
Аз ин лиҳоз, тайи солҳои охир Ҳукумати кишвар ба зарурати ҳаллу фасли мушкилоту чолишҳои марбут ба тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, дар ҳамоишҳои байналмилалӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати рушду тавсеаи ҳамкориҳо ба хотири ҳалли масъалаҳои мавриди назар пайваста даъват ба амал меорад.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






