Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ
ДУШАНБЕ, 08.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштанд, ки Тоҷикистон аз ташаббусҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳи пойдору рушди иқтисодии Афғонистон ва мавқеи ин давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ пуштибонӣ намуда, самтҳои ҳамкориро бо Афғонистон дар феҳристи афзалиятҳои сиёсати хориҷии худ қарор додааст.
Зимни мулоқоти созандаи ҷонибҳо масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният ва иқтисодиёт баррасӣ шуда, доир ба масоили муҳими ҳамкориҳои наздисарҳадӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги минтақавӣ дар соҳаи тиҷорату сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт ва инфрасохтор табодули афкори судманд сурат гирифт.
Ҳамкориҳои амниятӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҳифзи сарҳадот самти ниҳоят муҳимми ҳамёрии Тоҷикистону Афғонистон арзёбӣ гардид ва ҳарду ҷониб зарурияти тақвияти ҳамдастии муштаракро дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва зуҳури ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд.
Барои тақвияти бештари муносибатҳои байнидавлатӣ фаъолгардонии кори комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, пайгирии барномаҳои афзалиятноки энергетикӣ ва инфрасохторӣ, аз ҷумла, сохтмони роҳи оҳан, созмондиҳии намоишгоҳҳо ва сафарҳои мутақобилаи тоҷирону сармоягузорон ба кишварҳои ҳамдигар зарур шуморида шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили дигари минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамгироии байнидавлатӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай муҳокима гардид.










Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд






