Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин
ДУШАНБЕ, 09.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи баргузории Иҷлосияи навбатии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Чин дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ гардид.
Аз сатҳи ҳамкории гуногунҷанбаи ду давлат ва муколамаи созандаи сиёсии дуҷониба дар давоми 25 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ изҳори қаноатмандӣ карда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими муносибатҳои стратегию шарикиро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.
Ба рушду тавсеи бештари ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ бештар мароқ зоҳир карда, ҷонибҳо таъкид бар он доштанд, ки ҳарду давлат дар роҳи таҳкими муносибатҳо дар соҳаҳои мазкур тадбирҳои зиёду муассир анҷом додаанд.
Барои тақвияти ҳамгироӣ дар соҳаи низоми бонкию молиявӣ ва саҳмгузорӣ дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторию нақлиётӣ, аз ҷумла таъсиси камарбанди иқтисодӣ дар атрофи Роҳи бузурги абрешим, оғози сохтмони қисмати тоҷикистонии лӯлаи гази минтақавии Чин-Осиёи Марказӣ ва роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон таклифу пешниҳодҳои судманд баён карда шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба ҳамдастии байнидавлатӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва саҳмгузорӣ дар таъмини амнияту суботи сартосарӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баррасӣ шуд.
Дар анҷоми мулоқот Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аз Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд, ки дар наздиктарин фурсат ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оваранд.











Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд






