Мураббиёни варзидаи КФО дар Хоруғ машғулиятҳои омӯзишӣ баргузор менамоянд
ХОРУҒ, 12.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Мураббиёни варзидаи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Хоруғ дар тӯли даҳ рӯз барои мураббиёни дастаҳои футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва футболбозони наврас давраҳои омӯзиширо баргузор менамоянд.
Тавре ба хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар ВМКБ аз Федератсияи футболи вилоят хабар доданд, барои омода кардани мураббиёни касбӣ бо даъвати Федератсияи футболи вилоят ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ду нафар мураббии касбӣ-Боир Эгамбердиев ва Элдар Раҳмоновро аз Конфедератсияи футболи ҷумҳурӣ ба шаҳри Хоруғ фиристонданд. Ва онҳо дар давоми даҳ рӯз ба футболбозон қоидаҳои футболи касбиро меомӯзанд. Ба қавли Боир Эгамбердиев шавқу рағбати ҷавонону наврасон ба ин бозӣ беандоза аст ва иддае аз онҳо маҳорати хуб ҳам доранд, аммо азбаски бо қоидаҳои маъмулии футболи муосир чандон ошноӣ надоранд, ҳангоми бозӣ ба иштибоҳҳо роҳ медиҳанд.
Пас аз анҷоми давраҳои омӯзишӣ чанд нафар аз беҳтарин мураббиёни даста соҳиби шаҳодатномаи мураббии касбии футбол мегарданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






