Нақши Пешвои миллат дар ташаккули Ваҳдати миллии тоҷикон

Июнь 24, 2017 09:18

ДУШАНБЕ, 24.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавре маълум аст, гузаштагони пурифтихори тоҷикон дар муҳити ягонаи ташаккули мардумони форснажод ба саҳнаи таърих ворид гардида, тӯли ҳазорсолаҳо дар сохторҳои гуногуни рушди сулолавӣ обутоб ёфтанд. Кору пайкори ниёгони мо дар матни таърихи ҷаҳонӣ бо номи рушди устувори сулолавӣ машҳур аст, ки ифодаи мазмуни он дар хутбаи пандвори Манучеҳри малик возеҳ баён шудааст. Андарзи Манучеҳр чунин гуфтаҳо дорад: «Пешинагон рафтанду ҷаҳон ба мо даст боздоштанд ва моро чора нест ҷуз аз паси эшон рафтан. Ва эшон моро чунонанд, чун бехи дарахт мар дарахтро ва мо эшонро чун шохи дарахт».

Манучеҳр нахуст подшоҳе буд, ки мулку подшоҳиро ба чаҳор қисмат – роҳбарӣ, сипоҳ, раият ва мӯбади мӯбадон ниҳод ва ҳаққу ҳуқуқ ва масъулияти ҳар якеро дар пойдо­рии мулк муқаррар кард. Ин тарзи ҷобаҷогузорӣ ва табақабандӣ дар фарҳанги эронитаборон, ба истилоҳи коршиноси масоили таърих ва назарияи миллат Эрик Ҷон Ҳобсбаум «ихтирои анъанаҳо» (the invention of tradition)-ро ба вуҷуд овард. Ҳамин буд, ки дар марҳалаи густариши ҷаҳонбинии динӣ ва таъсиси давлатҳои миллӣ тамоми суннату анъанаи тоҷикону форснажодон дар матни платформаи фарҳангсо­ло­рии «Наврӯз» ҷамъбаст гардид. Барои пойдо­рии ин ҷашни ниёгон 3 унсури асосӣ нақши калидӣ бозидааст: устуравӣ будани таърих, қудсияти забон ва рушди устувори сулолавӣ.

Ҳамчунин бояд гуфта шавад, ки дар давраи рушди тоисломии фарҳанги ниёгони мо низоми табақавии муносибат то андозае садди роҳи рушди истеъдод­ҳо дар ҷомеа мегардид. Зеро омӯхтани илм танҳо ба мӯъбади мӯъбадон – меҳтари ҳамаи уламову ҳукамо ва атрофиёнаш мансуб буд ва ҷомеапазирии васеи қишру табақаҳои гуногун маҳдудиятҳо дошт. Аз ин ҷиҳат дину фарҳанги исломӣ бартарияти бештар нишон дод.

Ислом бо шиори талаби илм ва эълони бароба­рии иҷтимоии мусулмонон дар назди Худову пайғам­бар ба неруи тӯли садсолаҳо нуҳуфтаи мардуми тоҷиктабор имко­ния­ти васеи татбиқи амалӣ дод ва дорои потенсиали баланди ақлонию ҷисмо­нӣ будани онҳоро ошкор кард. Ҳамин буд, ки ниёго­ни мо дар садаҳои аввали ислом тавонис­танд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи мусулмонӣ – сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ чирадаст шаванд ва як зумра олимону фақеҳон, муфассирону муҳад­ди­сон, табибону донишмандони бахши улуми дақиқро тақдими ҷаҳониён кунанд. Аммо шаклгирии консепсияи фарогири ваҳдати миллӣ ва диниро, албатта, амирони сомонӣ анҷом доданд, зеро онҳо мувозанати нозукбинонаи арзишҳои миллӣ ва диниро муайян карда тавонистанд. Бинобар ақидаи коршиносони масоили миллат ва миллат­га­роии муосир Хобсбаум, Гелнер ва дигарон, «тарҷумаи мутуни муқаддас ва ҳамчунин ҷорӣ кардани коргузорӣ ва қонунгузорӣ ба забони миллӣ» яке аз шартҳои аввалини таъсиси давлати миллӣ ва ташаккули миллат аст. Таъсиси давлати сирф миллии тоҷикӣ бо номи Сомониён дар шароити қурунивус­тоӣ дар заминаи таъмини ваҳдати саросарии қавму халқҳои маскуни ин ниҳоди сиёсӣ ба даст омад.

Амирони бофарҳанги сомонӣ нахуст тарҷумаи тоҷикии Қуръон ва дигар сарчашмаҳои динию илмиро ба роҳ монда, дар ин раванд пештозони фарҳанги миллӣ ва исломии ғайриарабӣ шуданд. Мактаби тарҷумонии аҳди Сомониён дар фаъол намудани ин раванд саҳми назарраси мусбат гузорид ва тавонист забони тоҷикиро ба абзори қавии давлатсозӣ ва миллатсозӣ табдил диҳад, ҳудуди мувозинати мантиқиро байни унсурҳои миллӣ ва динӣ таъйин кунад. Дар натиҷа забони тоҷикӣ дар минтақаи густариши ислом барои худ мақоми бебозгашти қудсиятро касб карда, баъд аз забони арабӣ ба унсури фарҳангсолор, ваҳдат­офа­рин ва ҳувиятсоз мубаддал гашт.

Забони тоҷикӣ мақоми қудсият ва дар сатҳи коргузо­рии давлатӣ истифода шуданро то ибтидои асри ХХ нигоҳ дошта тавонист. Ин забон асолати қудсияти худро андаруни сарчашмаҳои илмӣ-динӣ ва осори ноби шеърӣ аз чанголи вабоҳои қотили асру замонҳо раҳоӣ бахшид ва бе зиёну газанд, то ба имрӯз оварда расонид. Таҳқиқот ва мушоҳидаҳои мо роҷеъ ба тарҷумаи Қуръон ва аҳодиси набавӣ собит намуд, ки тамоми тарҷу­ма­ҳои минбаъд ба забони форсӣ анҷомёфта бар пояи методоло­гияи усулии таҷрибаҳои мовароуннаҳрии гузаштагони мо, аз ҷумла тарҷумаҳои «Ҷомеъ-ул-баён ан таъвили-л-Қуръон»-и Муҳаммад ибни Ҷари­ри Табарӣ (машҳур ба «Тарҷумаи «Таф­­сири Табарӣ», асри Х), «Тафсири Ҳусайнӣ»-и Мавлоно Ҳусайн Воизи Коши­фӣ (асри ХV) ва «Фатҳу-р-Раҳмон фӣ тарҷумати-л-Қуръон»-и Шоҳ Валиюллоҳ ибни Абдурраҳими Деҳлавӣ (асри XVIII) ан­ҷом ёфтааст.

Хамирмояи назми оламгири тоҷику форс ҳам сабку мактаби шеърии устод Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ будааст, ки то имрӯз ҳамчун манбаи илҳом ва ситораи қутбнамои шоирони марзу буми форснажод боқӣ мондааст. Ҳамон тасвиру ифодаҳои ҷовидонаи шеърӣ тӯли асрҳои зиёд дар шаклҳои жанро­фари­нии тоза ва баёни санъатҳои шеърии нав аз даруни худ эҳё шуда истодаанд. Ҳамин адабиёти насри классикӣ доир ба улуми қуръо­нию ис­ломӣ ва шеъри ноби тоҷикӣ ду омили асосии нигаҳдорандаи забони тоҷикӣ мебошанд, ки то имрӯз қудсияти онро таъмин карда исто­да­анд. Ва ҳамаи касоне, ки худро мансуб ба нажоди форсигӯён медонанд, ҳангоми мутолиаи матнҳои назму насри ёдшуда тамоми матлаб­ро мефаҳ­манд ва ба ҳеҷ гуна шарҳу тавзеҳи ибораву истилоҳот ниёз надоранд. Ин вежагии қудсият андаруни теъдоди нусхаҳои хаттии ба ин забон ки­то­­бат­­­шуда, ки то ҳанӯз шумораи ниҳоии онҳо маълум нест, нуҳуф­та аст. Аз ин рӯ, пос дош­тани мақоми давлатии ин забон ва таъмини пай­­ван­ди ногусаста­нии он бо омӯзиши нусха­ҳои хаттӣ ва осори илмию динӣ гарави бақои ваҳдати миллат ва пойдории давлати тоҷикон хоҳад буд.

Аммо вазъияте, ки дар оғози истиқлолияти ҷумҳурии мо падид омад, боз ҳамин ду омили ёдшуда – миллӣ ва диниро ба таҳрик даровард. Бадбахтӣ дар он буд, ки раванди кашмакашҳои дохилӣ ва эълони озоди­ҳои демок­ра­тӣ ба шаклгирии тафаккури исломи сиёсӣ ё сиёсику­нонии ислом замина гузошт, ки ин раванд ҳалли аксари мушки­лоти ҳаёти иҷти­моиро дар доираи арзишҳои динӣ пешниҳод мекард. Дар шароити муосир чунин рафтор аслан боиси пешрафт шуда намета­вонист, балки барои бархӯрди бардавоми мусалла­ҳона ва аз байн бурдани давлати миллии тоҷикон хатари ҷиддӣ эҷод мекард. Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад, ки дар давраҳои буҳронӣ барои посухи муносиб ва саривақтӣ додан ба чолишу хатарҳои дохилию берунӣ як аққал­лияти фаъол ва созанда зуҳур менамояд, ки бақову пойдории давлат ва фарҳанги миллӣ аз тариқи фаъолият ва корнамоии ҳамин гурӯҳи масъулиятшинос таъмин ва баҳогузорӣ карда мешавад.

Хушбахтона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтари­ни Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ва сарвари тавонои ҳамин гуна аққаллияти ватандӯст дар марҳилаи тақдирсози миллати мо гардиданд, ки новобаста аз таҳдиди хатарҳо ба ҷони худ тавонистанд масъулияти сангини посух додан ба хатару чолишҳои барои давлати ҷавони миллии тоҷикон ҳалокатборро ҷавонмардона ба дӯш гиранд.

Қазову қадар, тақдиру қисмат иродати илоҳӣ ва ихлосу боварии мардумӣ чунин ҳукм карда буд, ки тай намудани ин роҳи пуршебу фарози Истиқлолият ва таъмини ваҳдати пойдори марзу буми Ватани аҷдодӣ бо сарварии фарзанди оқилу огоҳ ва фурӯтану ватандӯст – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳаққуқ пазирад.

Танҳо имрӯз аз баландиҳои кохи бегазанди кишвари озоду обод бо чашми басират мушоҳида карда метавонем, ки баробари сипарӣ шудани ҳар соли санаҳои фархунда – Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ чӣ гуна кам-кам ба решаи ташналаби шоҳдарахти давлатдории тоҷик оби ҳаёти ҷовидонӣ зам мегардад. Насли куҳансолу миёнасол ва ҷавонони саодатманди даврони Истиқлолият хуб дар хотир доранд ва шоҳиди ҳол ҳастанд, ки даҳаи охири асри сипаришуда абри сиёҳи нооромӣ болои замини биҳиштосои ҷумҳурии мо фақат борони яъсу навмедӣ, сӯхтору вайронӣ, ғаму андӯҳ, қаҳтию гуруснагӣ ва аз ҳама бадтар нобоварии фарогир ба фардоро меборид. Аслан он солҳо дар замири мардум умеди имконпа­зир будани аз зулмат ба нур ва аз торикӣ ба равшанӣ расидан намонда буд.

Таърих гувоҳ аст, ки масъалаи соҳибӣ кардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини якпорчагии қаламрави он хусусияти ниҳоят буҳронӣ касб карда буд, ҳатто хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон берун афтодани номи кишвари мо саратонвор таҳдид мекард. Дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта чун афтодани пардаи оҳанини низоми сиёсию идеологии Иттиҳоди Шӯравӣ наздик шудан гирифт, ҷумҳуриҳои миллӣ яке паси дигар ба қабули Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии кишварҳои худ оғоз карданд. Ин рӯйдоди муҳим барои аксари ҷумҳуриҳо асосан ба нимаи дуюми соли 1991 мувофиқ омад ва барои давлатҳои тоза ба истиқлол расида давраи пурмасъулият – марҳалаи гузариш фаро расид. Вале дар як муддати муайяни таърихӣ ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ дар ин субъектҳои нави ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии давлате идора карда мешуд, ки аллакай аз саҳнаи сиёсӣ хориҷ шуда буд. Ин вазъият то андозае боиси сар задани нооромӣ ва ҳолатҳои буҳронӣ гардид, зеро қонунҳои куҳна ба талаботи шароити нави сиёсӣ созгор намеафтоданд ва ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ танҳо дар муқобили мушкилоти сершумори худ монданд. Ҳамин воқеият ва далелҳои дигар таҳрик ёфтани низоъҳои сиёсӣ ва қудратхоҳиро дар дохили кишварҳои алоҳида ва гоҳо дар миёни ҷумҳу­ри­ҳои собиқи Шӯравӣ ба вуҷуд овард. Бисёр ҷойи таассуф аст, ки кишвари азизи мо дар зери таъсири омилҳои субъективӣ ва объективӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Вале муддати бештар аз панҷ сол роҳбарияти олии кишвар бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ҳам оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бо тамоми мушкилоти вобаста ба он ҳаллу фасл ва бартараф намояд ва ҳам ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва хоҷагии халқи ҷумҳуриро ба як маҷрои созгор ба талаботи нав равона созад. Дуруст муайян кардани стратегия ва дурнамои рушд, бунёди давлати навин, ҳифзи манфиатҳои миллӣ-фарҳангӣ, динӣ-эътиқодӣ ва зина ба зина бартараф кардани монеа ва хатарҳои пешрафти ҷомеа миллати тоҷикро ба рӯзи ваҳдату якдилии саросарӣ ва сапедадами ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон расонид.

Аз ин ҷиҳат, 27 июни соли 1997, ба назари мо, инчунин тасдиқи дигарбораи Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ҳудудии онро ҳам собит намуд. Ақли солим бар тафаккури золим ғолиб омад. Ягонагӣ устувор ва ҷудоӣ барканор шуд. Низоми давлатдории миллӣ ва тоҷикӣ рӯйи кор омад. Хушбахтона, ҷанги шаҳрвандӣ сабаби порашавӣ ва тағйиротҳои ҳудудию марзӣ нагардид, баръакс миллатро муттаҳид кард. Тоҷикистон ҳамчун субъек­ти мустақили ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардид.

Оре, равшанӣ падид омад, тағйиротҳои гуногун дар ҳаёти мардум ба вуқӯъ пайваст, мардуми парешон сарҷамъ шуда, ба бунёди иншоотҳои бузург, корҳои ободонӣ ва дар маҷмӯъ муаррифӣ намудани имиҷи давлату миллати Тоҷикистон ба ваҷҳи некӯ дар миқёси байналмилалӣ камари ҳиммат бастанд. Тӯли ин солҳо навгониҳои зиёд, чорабиниҳои сатҳи гуногун ва базму тараби зиёд насиби мардуми шарифи Тоҷикистон гардид. Ҷаҳише ба вуҷуд омад, ки моро ба таври ҳамешагӣ аз муҳтоҷ будан ба дигарон ва мубтало гаштан ба банду балоҳо раҳоӣ бахшид. Ҳамди беҳад Худои покро, ки мо акнун дар марҳалае кору зиндагӣ мекунем, ки барои ҳар шаҳрванди хурду калон ва пиру ҷавон, вазорату кумитаҳо, муассисаву корхонаҳои хусу­сию давлатӣ ва ниҳоду сохторҳои гуногун дар саросари қаламрави кишвари азизамон дастовардҳои фаъолияти худро дар мизони ақлу ман­тиқ ҷамъбаст намудан ва нақшаи чорабини­ҳои навро дар роҳи корҳои созандагию бунёдкорӣ барои соли оянда тарҳрезӣ кардан дар арафаи ҷашнҳои арзишманду муқаддаси миллӣ ва анҷоми соли молиявӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Ба андешаи мо, дар ташаккули падидаи расидан ба санаи фараҳ­бах­­ши сулҳи деринтизор ва Ваҳдати миллии тоҷикон ба инобат гирифтани чандин омили ҳалкунанда ҷойгоҳи калидӣ дорад:

  1. Ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон. Ин интихоб ба раванди ҳар лаҳза тағйирёбандаи сиёсӣ ва амалияи зуд-зуд иваз кардани роҳбари аввали ҷумҳурӣ хотима бахшид. Гузашти айём нишон дод, ки ин қарори Иҷло­сияи тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ оғози истиқрори сиёсии бардавом ва заминаи поягузории рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёт дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ будааст. Зеро дар шахсияти Пешвои миллат дар баробари ормонҳои умумимиллӣ орзуву умеди ҳамон манотиқи ҷуғрофии Тоҷикистон таҷассум ёфта буд, ки ба сабаби нооромиҳо нисбат ба сокинони шаҳру ноҳияҳои дигар бештар зарари иқтисодию молиявӣ ва маънавию равонӣ дида буданд. Ҳамчунин барои меъмори сулҳи тоҷи­кон шудани Эмомалӣ Раҳмон се сифати қавианосир сахт мусоидат кард: якум ҷасорати ба дӯш гирифтани масъулият ва фидо­ко­рӣ дар марҳилаи муайяни таърихӣ; дуюм эътимоди қишру табақаҳои гуногуни минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати пазируфтани Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сарвари худ; сеюм эътирофи роҳбари нави давлати тоҷикон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва неруҳои сиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ.
  2. Ҷамъбасти фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба мусолиҳаи миллӣ истеъдоди баланди роҳбарӣ ва сазовори унвони Пешвои миллат буданро ҳанӯз дар ҳамон вазъияти ниҳоят сарбастаи ҳаёти сиёсӣ ошкор намуда буд. Ҳеҷ кас дар он вақт барои пешгӯӣ кардани ояндаи Тоҷикистон ҷуръат намекард. Вале боварӣ ба мардум ва иродаи дар муҳити хизмати неруҳои баҳрӣ обутобёфтаи Эмомалӣ Раҳмон сифатҳои таҳаммулпазирӣ, мушкилнописандӣ, масъулиятшиносӣ ва таваккул бар Худо карданро дар шахсияти ӯ гӯё барои уқдакушоии ҳамин муаммои таърихи навтарини миллат захира карда буд. Ӯ на танҳо тавонист, ки гурӯҳи ҳамфикрони созандаи худро дар ҳайати роҳбарии сиёсии кишвар ташкил намояд, балки инчунин аз байни анбӯҳи неруҳои мухолифин низ аққаллияти конструктивиро пайдо кард ва онҳоро ба ҳамкории ҷиддӣ сафарбар намуд.
  3. Суннати миллии гузашт ва афв кардани ҳамдигар дар фарҳанги мардумсолории ниёгони пурифтихори мо ҳам барои ғунд кардани порчаҳои парокандаи сулҳу Ваҳдат сахт мусоидат кард. Дар натиҷа, дастоварди муқаддастарини ин марҳилаи таърихии миллат, яъне Истиқ­ло­лия­ти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор шуд, бозгашти наслҳо ба рӯзгори асли хеш осон гардид, эҳсоси худшиносӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон боло рафт ва дар ниҳояти кор фалсафаи ирфонии «сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ» дар баландиҳои осмони софу беғубори Ватани аҷдодӣ ошён гузошт.

Фарҳанги Ваҳдати миллӣ имрӯз ба хотири ҳифзи манфи­ат­ҳои давлатдории миллӣ ва пойдории сулҳу субот бояд рисолати сиёсию иҷтимоии худро бори дигар ба маърази кору пайкори созанда барорад ва аз нигоҳи илмию назариявӣ собит намояд, ки стратегияи рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон орзуи беш аз ҳазор сол дар замири поки ниёгони пурифтихорамон нуҳуфта аст ва ба ҷуз он чизи дигаре нест. Насли ҷавони мо бояд аз ин воқеияти таърихи навтарини миллати мо огоҳ бошад, ба қадру манзалати соҳибихтиёрӣ ва Истиқлолият бирасад ва онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорад.

 

Июнь 24, 2017 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт»