Нишондиҳандаи рейтингӣ барои ҷалби сармоягузорӣ омили асосӣ ба ҳисоб меравад
ДУШАНБЕ, 16.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони Ширкати рейтингии байналмилалии «Moodys Investors Service» ва коршиноси ширкати «Oppenheimer» оид ба масъалаҳои молиявию буҷетӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ барои омодагӣ ва баҳодиҳии рейтинги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 мулоқоти корӣ доир гардид.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Бонки миллӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи ҳозиринро ба вазъи феълии низоми бонкии ҷумҳурӣ, татбиқи ислоҳот дар ин бахш, самтҳои гуногуни рушди бахши молия, имкониятҳои мавҷуда ба ҷалби сармоягузорӣ ва бахшҳои афзалиятнок ҷалб намуд.
Зикр гардид, ки нишондиҳандаи рейтингии ин ё он кишвар барои ҷалби сармоягузорӣ омили асосӣ ба ҳисоб рафта, дар муайянкунии эътибор ва нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим мебозад.
Инчунин дар рафти машварати корӣ ҷонибҳо оид ба нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва рушди минбаъдаи воқеии иқтисодиёт ибрози назар намуданд.
Коршиноси Ширкати «Moodys Investors Service» Матю Киркоста методологияи гузаронидани рейтинг ва омилҳои асосии муайянкунии рейтинг, аз ҷумла аз рӯи нишондиҳандаҳои суботи молиявӣ, сиёсати фискалӣ, суботи ниҳодӣ ва хавфҳои эҳтимолии ҳолатҳои ғайричашмдоштро ба иштирокчиён фаҳмонид.
Коршиноси дигари Ширкат Атси Шет вобаста ба омӯзиш ва натиҷагирӣ аз вазъи низоми бонкӣ, аз ҷумла ташкилоти маблағгузории хурд, захираҳои байналмилалӣ, вазъи таваррумиро дар муайянкунии рейтинг зарур дониста, баррасии пешниҳодҳо ва таҳияи усули корбарии барномаҳоро муҳим арзёбӣ намуд.
Қобили зикр аст, ки Ширкати мазкур фаъолияти худро аз соли 1909 ба роҳ монда, ҳамчун яке аз ширкатҳои бонуфузтарини рейтингии ҷаҳонӣ шинохта мешавад. Ин Ширкат бо ҷалби беш аз 10 000 нафар дар 26 давлати дунё фаъолият дошта, дороии он ба 3,5 млрд. доллари ИМА баробар аст.
Лозим ба ёдоварист, ки Тоҷикистон ҳамкорӣ бо ширкати «Moodys Investors Service»-ро аз соли 2013 ба роҳ мондааст ва ин ширкат рейтинги соҳибихтиёрии кишварро барои пайгирии минбаъда муайян менамояд.
Ба иттилои манбаъ, коршиносони Ширкат дар тӯли сафари корӣ бо роҳбарияти як қатор вазорату идораҳои Тоҷикистон мулоқоту машваратҳо доир намуда, масъалаи баҳогузорӣ намудани рейтинги кишварро баррасӣ менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






