Олимони тоҷик дар қитъаи таҷрибавии Мурғоб 20 намуди зироат кишт карданд. Оё онҳо ба сармои шадид тоб меоранд?
ХОРУҒ, 24.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони бунгоҳи таҷрибавии кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик ба шаш сол дар деҳаҳои Чечекдеҳ ва Булункӯли ноҳияи Мурғоб кишт ва парвариши зироат барои хӯроки чорво машғул мебошанд.
Ба қавли олимон, дар соли аввал онҳо се навъи зироатро дар як гектар замин кишт карданд ва ҳоло масоҳати замини кишт то ба 20 гектар расонда шуда, илова бар ин боз чанд намуди дигари тухми сабзавоту картошкаро ба замин пошиданд. Доктори илмҳои биологӣ Абдусаттор Саидов гуфт, ки иқлими ин ноҳияи баландкӯҳ хеле сард аст ва на ҳар зироат ба ин хунукӣ тоб оварда метавонад. Ба ҷузъ ин дар дашту доманакӯҳҳои ноҳия дар фасли тобистон нури офтоб, ҳарорати ҳаво ва намаки минералӣ зиёд аст, аммо об намерасад. Дар замин ва ҳаво намӣ хеле кам аст ва аз ин рӯ, ҳама гуна зироат баъди фаро расидани фасли гармо зуд сӯхта хушк мешаванд.
Ба гуфтаи олимон, яке аз бартариҳои ин ду деҳа, ки ба сифати қитъаи таҷрибавӣ интихоб шудаанд, дар он аст, ки дар ҳарду деҳа рӯдхонаи кӯзӣ мавҷуд аст. Ин моро умедвор месозад, ки пас аз гузаштани марҳилаи озмоишӣ яке аз зироатҳои мутобиқ ба иқлими баландкӯҳро интихоб ва кишт хоҳанд кард. Соҳаи асосии ноҳияи Мурғоб қутоспарварист ва барои парвариши ин навъи ҳайвон шароити мусоид вуҷуд дорад. Аммо агар фасли зимистон тӯл кашад, аз беалафӣ чорво талаф меёбад. Кишти зироат агар натиҷаи дилхоҳ диҳад, саршумори чорво афзоиш меёбад ва зиндагии маскунони ноҳия, ки аксарияташон ба чорвопарварӣ машғуланд, боз ҳам беҳтар мегардад.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






