«Рӯзи Ваҳдат субҳи бедорист дар афкори ман»-конфронси илмию адабӣ дар Ёвон

Июнь 9, 2017 10:01

 ЁВОН, 09.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Литсейи касбию техникии  саноати кишоварзии ноҳияи Ёвон  бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки меҳмонон, омӯзгорон ва донишҷӯён таҳти унвони «Рӯзи Ваҳдат субҳи бедорист дар афкори ман»  конфронси илмию адабӣ доир гардид. Дар ин бора аз Литсейи касбию техникии  саноати кишоварзии ноҳия ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар  конфронс зикр гардид, ки Ваҳдати миллӣ  чун раванди асосии пешрафту тараққиёт кӯшиши хастанопазири аъзои ҷомеа ва кулли ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайриҳукуматӣ ва сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятиро тақозо мена­мояд. Махсусан нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар вусъат додани эътимоди иҷти­моии аъзои ҷомеа ба сифати яке аз омилҳои таҳкимбах­шан­даи ваҳдати миллӣ хеле барҷаста аст ва аз ин хотир дар ин самт фа­зои ҳамкории судмандро пайваста бо онҳо  густа­риш додан боиси манфиат мебошад. Инчунин тарбияи кадрҳои ҷавон ва ҷалби бештари онҳо дар раван­ди идоракунии ҷомеа яке аз омилҳои муҳими устувор­созии пояи Ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Зарур аст, ки ҷавонон донишҳои замонавиро аз худ намуда, дар идоракунии давлат ва  пойдории Ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошанд.

Донишҷӯёни муассиса дар қисмати охири ҷамъомад зери шиори «Ватан, меҳрат ба дил азбаски ҷо шуд» дар васфи Ватан-модар шеърҳо қироат намуданд.

 

Июнь 9, 2017 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд