Рушди сайёҳии дохилӣ-манбаи муътамад ва устувори таҳкими иқтисоди миллӣ

Июнь 1, 2017 16:28

ДУШАНБЕ, 01.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ вакилон (Хайринисо Юсуфӣ, Лутфия Раҷабова, Ҷурахон Маҷидзода, Ҷамшед Саидов, Мусаллам Қодирова ва Қиёмиддин Миралиён) таҳия шудааст, баррасӣ ва қабул гардид.

Дар робита ба  ин яке аз ташаббускорони таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Миралиён ба мухбири АМИТ «Ховар» чунин гуфт:

— Лоиҳаи Қонуни мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятнок ва ояндадори кишвар таҳия гардидааст.

Дарвоқеъ, барои Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба инкишоф ташкили манбаъҳои гуногуни мусоидаткунанда ба рушди иқтисодӣ хеле муҳим аст. Яке аз чунин манбаъҳои муътамад ва устувор    соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ҷаҳон баъди нафт ва маводи доруворӣ даромад аз сайёҳии байналмилалӣ ҷои сеюмро ишғол менамояд ва он 30% содироти хизматрасониро ташкил медиҳад. Дар соли 2015 дар сатҳи ҷаҳон ташрифи байналмилалии сайёҳон 4,6% афзоиш ёфта, ба 1,2 млрд. нафар расид ва даромади умумии он ба мамлакатҳо ба $1,5 трлн. баробар гардид, ки ҳудудан 10% ММД ҷаҳониро ташкил медиҳад. Зимнан, дар сатҳи ҷаҳонӣ 9%-и ҷойҳои корӣ шомили ин соҳа мебошанд. Ҳамчунин ҳамасола дар ҷаҳон наздики 5 млрд. ташрифи сайёҳӣ ба ҳисоб гирифта мешавад, ки 83%-и он (4 млрд. ташриф) ба сайёҳии дохилӣ рост меояд.

Бо назардошти ҳамин аҳамиятнокӣ Қонуни мазкур беш аз 30 навоварӣ  ва механизмҳои муосири танзимкунандаи муносибатҳо ва таҳкимбахши иқтисодиётро муқаррар намудааст. Аз ҷумла, ташаккулёбии низоми сайёҳии дохилӣ; рушдёбии маданияти сайёҳии шаҳрвандон;  устуворгардии иқтидори амалии кишвар оид ба қабули сайёҳони хориҷӣ; ташкилёбии инфрасохтори муосири хизматрасонии сайёҳӣ; муқаррар гардидани намудҳои гуногуни сайёҳӣ ва хизматрасониҳои муносиб; аз байн бурдани низоми иҷозатномадиҳӣ ба намуди фаъолияти сайёҳии дохилӣ, зимнан, ба роҳ мондани тарзи содаи баҳисобгирии он; ташаккулёбии намудҳои нави хизматрасонии сайёҳӣ, ба монанди сайёҳии кишоварзӣ, сайёҳии хонагӣ, саёҳати нақлиётӣ; фароҳам гардидани шароити муосид барои иштироки сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ дар ташкили инфрасохтори сайёҳӣ;  ташкил гардидани намудҳои нави фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайра. Ҳамаи ин имкониятҳо дар навбати худ ба рушди устувори иқтисодиёти кишвар дар шароити ҷомеаи муосир сабаб гардида, дар ибтидо ба таъсис ёфтани даҳҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ ва дар сурати татбиқи босамар ба ташкил гардидани захираҳои хеле зиёди шуғлмандии шаҳрвандон мусоидат менамоянд.

 

 

Июнь 1, 2017 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Таваҷҷуҳи сайёҳон ба мавзеъҳои таърихии вилояти Хатлон бештар гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Тоҷикистон 889,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоҳангсози миллии раддабандии байналмилалии «Донишгоҳҳои сабз» интихоб гардид
Дар комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт ба масофаи зиёда аз 5 километр таноброҳ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт шинос шуданд
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
Имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар Ҳафтаи фарҳангии «Ҷянсу – Осиёи Марказӣ 2026» муаррифӣ карда шуд
Дар Деҳкадаи сайёҳии ноҳияи Ховалинг 20 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди беш аз 20 намуди сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Барои рушди ин навъи сайёҳӣ дар Тоҷикистон чӣ бояд кард?
ҶОИЗАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ. Кумитаи рушди сайёҳӣ барои дарёфти он озмун эълон менамояд
ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ