Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон дар Қӯрғонтеппа
ҚӮРҒОНТЕППА, 01.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон бо иштироки васеи кӯдакону наврасон барномаи идона баргузор гардид. Дар доираи барномаи мазкур озмуни рассомони беҳтарин, ихтироъкорони беҳтарин, пойгаи велосипедронон ва мошинсаворони ҷавон баргузор гардид. Дар он кӯдакони шаҳр иштирок намуда, маҳорату истеъдоди худро намоиш доданд
Дар барномаи идона муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ва роҳбарияти шаҳри Қӯрғонтеппа иштирок намуда, ба иштирокчиёни фаъоли барнома туҳфаҳои хотиравӣ супориданд. Муовини раиси вилояти Хатлон зикр кард, ки «кӯдакону наврасон ояндаи мо буда, барои тарбия ва таҳсили насли наврас дар мамлакат тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Имрӯз давлат барои ҳифзи кӯдакон, бахусус кӯдакони ятиму бепарастор ва таълиму тарбияи онҳо ҳамаҷониба ғамхорӣ зоҳир менамояд».
Муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода дар ин рӯз ҳамчунин бо кӯдакони маъюб вохӯрда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуд.
Дар охири маҳфил барномаи консертии идона баргузор гардид.









«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






