Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон дар Қӯрғонтеппа

Июнь 1, 2017 11:36

ҚӮРҒОНТЕППА, 01.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар  шаҳри  Қӯрғонтеппа   бахшида  ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон  бо  иштироки васеи  кӯдакону наврасон  барномаи идона  баргузор гардид.  Дар  доираи  барномаи мазкур  озмуни  рассомони беҳтарин, ихтироъкорони  беҳтарин, пойгаи  велосипедронон  ва  мошинсаворони  ҷавон  баргузор гардид.  Дар он кӯдакони шаҳр иштирок намуда, маҳорату истеъдоди худро намоиш доданд

Дар барномаи идона муовини раиси  вилояти  Хатлон  Махфират  Хидирзода   ва  роҳбарияти шаҳри Қӯрғонтеппа  иштирок намуда, ба иштирокчиёни  фаъоли барнома   туҳфаҳои хотиравӣ  супориданд. Муовини раиси  вилояти  Хатлон  зикр кард, ки «кӯдакону наврасон ояндаи мо буда, барои  тарбия  ва  таҳсили насли наврас  дар мамлакат  тамоми  шароит  фароҳам  оварда  шудааст. Имрӯз давлат барои ҳифзи кӯдакон, бахусус кӯдакони ятиму бепарастор ва таълиму тарбияи онҳо ҳамаҷониба ғамхорӣ зоҳир менамояд».

Муовини раиси вилоят  Махфират Хидирзода  дар ин рӯз ҳамчунин  бо кӯдакони  маъюб  вохӯрда,  ба  онҳо  туҳфаҳо  тақдим намуд.

Дар охири маҳфил  барномаи  консертии  идона  баргузор гардид.

велосипедрони

 

 

Июнь 1, 2017 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст