Тоҷикистон ҳамкориро бо Коста-Рика густариш медиҳад

Июнь 6, 2017 10:01

ДУШАНБЕ, 06.06.2017/АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Коста- Рика зимни  мулоқоти  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Коста-Рика Артуро Фурне Фасио дар шаҳри Москва барррасӣ гардид.

Аз Сафорати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба АМИТ  «Ховар» иттилоъ доданд, ки  мусоҳибон масъалаҳои тавсеаи ҳамкориро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, фарҳанг инчунин тақвияти равобитро дар доираи созмонҳои  бонуфузи байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишвар арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Коста –Рика равобити дипломатӣ ҳанӯз соли 2001 барқарор гардида буд. Роҳбарони намояндагиҳои дипломатии  Тоҷикистону Коста –Рика соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика ва туризмро  ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Коста- Рика арзёбӣ намуданд.

 

Июнь 6, 2017 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид