«Turkmenistanairlines» дар масири Ашқобод –Душанбе-Ашқобод парвози нахустин анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 07.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавонавардии Туркманистон -«Turkmenistanairlines» бори нахуст 12 июн дар хатсайри Ашқобод –Душанбе –Ашқобод парвози озмоишӣ анҷом медиҳад. Дар ин бора Чорӣ Атаев, Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 июн зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Душанбе иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки «субҳи 12 июн ҳайати баландпояи Туркманистон, ки аз роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, иттиҳодияҳои саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистон иборат аст, тавассути тайёра бо хатсайри мустақим ба Душанбе ташриф меоранд».
Чорӣ Атаев зикр кард, ки роҳбарону намояндагони идораҳои ҳавонавардии ду кишвар –Тоҷикистону Туркманистон дар Душанбе барои дар оянда ба роҳ мондани парвозҳои мустақими доимӣ дар хатсайри Ашқобод –Душанбе-Ашқобод ва ё хатсайри транзитӣ –тавассути кишвари сеюм мулоқот анҷом медиҳанд.
Сафири Туркманистон афзуд, ки ифтитоҳи роҳи ҳавоӣ байни Душанбе ва Ашқобод дар таҳкими муносиботи ду кишвари дӯсту бародар -Тоҷикистон ва Туркманистон ва тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии ду кишвар саҳифаи нав боз карда, нақши муассир хоҳад гузошт.
Ҳамзамон интизор меравад, ки тавассути хатсайри озмоишии Ашқобод-Душанбе-Ашқобод ҳайати 40-нафараи фарҳангиёни Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар барномаҳои фарҳангии вобаста ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ба Ашқобод раванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






