Ҳунармандони тоҷик тавассути хатсайри озмоишии Ашқобод–Душанбе–Ашқобод ба Туркманистон мераванд

Июнь 12, 2017 11:28

ДУШАНБЕ, 12.06.2017. /АМИТ Ховар/. Иштироккунандагони  Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркманистон дар  ҳайати 40 нафар  12 июни соли 2017 тавассути тайёраи Ширкати ҳавонавардии Туркманистон — «Turkmenistan airlines» бо хатсайри Ашқобод–Душанбе–Ашқобод, ки парвози озмоишӣ аст, ба Ашқобод сафар мекунанд.

Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд, роҳбарии ҳайати мазкурро муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода бар уҳда дошта, ба барномаи консертӣ бозёфтҳои эҷодии Ансамбли рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев, сарояндаи опера Шарофат Усмонова, овозхонҳои Ансамбли давлатии «Шашмақом» ва «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радио  Хуршед Иброҳимов ва Парвин Маҳмадёр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Парвин Юсуфӣ, сароянда ва мутриб Бахтиёр Баёнӣ шомил гардидаанд.  Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлат Убайдуллоев  роҳбари бадеии барнома мебошад.

Барномаи мазкур ҳамчунин  намоишҳои санъати тасвирӣ ва аксҳоро таҳти унвони «Тоҷикистони муосир», либосҳои миллӣ, китобҳои Тоҷикистон ва филмҳои тоҷикӣ, аз ҷумла филми «Хоби ҳамдуна»-и коргардони ҷавон Румӣ Шоазимовро низ дар бар гирифтааст.

Ҳунармандони тоҷик  дар   шаҳри Ашқобод ва дигар шаҳру навоҳии   Туркманистон   барномаҳои ҷолиби консертиро, ки иборат аз сурудҳои классикӣ, эстрадӣ ва опера, рақсҳои гуногун, инчунин сурудҳои эстрадии тоҷикӣ ва туркманӣ аст, манзури тамошобинони туркман  менамоянд.

Июнь 12, 2017 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид