Вакили Бундестаги Олмон Юрген Климке аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ кард
ДУШАНБЕ, 14.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вакили Бундестаги Олмон Юрген Климке, ки 11-12 июни соли равон бо сафари дурӯзаи корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, бо намояндагони як қатор вазорату кумитаҳо мулоқотҳо анҷом дод.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд, Ю. Климке дар доираи сафараш, аз ҷумла бо Ҳамраиси бахши тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон-муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидраҳмон Назризода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ-аъзои гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Олмон Нурулло Оқилзода, Бахтиёр Сафарзода ва Толибхон Азимзода, инчунин бо муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода дидору гуфтугӯ намуд.
Юрген Климке зимни вохӯриҳо аз сатҳи муносибатҳои дуҷонибаи ҳарду кишвари дӯст изҳори қаноатмандӣ карда, барои таҳкиму тавсеаи он изҳори ҳавасмандӣ намуд.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






