ВКД хабар медиҳад…

Июнь 19, 2017 14:19

ДУШАНБЕ, 19.06.2017./АМИТ «Ховар»/. Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза аз ҳолатҳои нохуши садамаҳои нақлиётӣ, дуздию қаллобӣ, ба ҳалокат расидани шаҳрвандон бар асари беэҳтиётӣ ва ғайра хабарҳо нашр мекунад. Ба манзури хавфи иҷтимоии ин ҳолатҳо ва ҳушдори одамон ҷиҳати ҳушёрию зиракӣ ва кам рух додани ҳодисаҳои нохуш мо чанде аз ин хабарҳоро бознашр мекунем.

 

Дастгир гардидани ҳамёндузд

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе зани 62-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки рӯзи 16-уми июни соли 2017, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ҳамёнашро, ки дар он 3 ҳазору 100 сомонӣ ҷой дошт, рабуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ марди 41-солаи қаблан судшудаи сокини ноҳияи Шаҳритуз дастгир гардид.
Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

***
Ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ аз беэҳтиётӣ

17 июни соли равон тахминан соати 15:35-дақиқа зани 48-солаи сокини ноҳияи Данғара бо духтари 15-солааш ҳангоми оббозӣ дар канали обгузари деҳаашон аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.
18 июн, тахминан соати 14:00-дақиқа, марди 56-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҳангоми оббозӣ карданаш дар дарёи “Кофарниҳон”, дар наздикии бозори “Хайр” аз беэҳтиётии худ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Дар ин рӯз тахминан соати 15:55-дақиқа, марди 26-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа, ҳангоми оббозӣ дар дарёи “Сир” дар рӯ ба рӯи варзишгоҳи “Лочин”-и шаҳри Хуҷанд аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Дар ноҳияи А.Ҷомӣ низ чунин ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст: тахминан соати 12:30-дақиқа, писарбачаи 4-солаи сокини ҷамоати деҳоти «Иттифоқ»-и ин ноҳия бар асари беназоратии волидонаш дар канали обгузари назди ҳавлии истиқоматиашон афтида, ба ҳалокат расидааст.
18-уми июн, тахминан соати 15:00-дақиқа, писарбачаи 4-солаи ҷамоати деҳоти «Маҷнун»-и ноҳияи Деваштич аз беэҳтиётии волидонаш ба ҳавзи назди ҳавлии истиқоматиашон афтида, ғарқ шудааст.
Аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки зимни оббозӣ дар кӯлу дарёҳо эҳтиёт бошанд ва фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.

***
Дарёфт ва мусодираи 24 адад пулҳои қалбакӣ

18 июни соли 2017, бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду нафар ҷавонони 21-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳангоми ба муомилот баровардани 24 адад купюраи 100-сомонаи қалбакӣ дастгир карда шуданд.
Ташхис нишон дод, ки купюраҳои мусодирашуда қалбакӣ буда, ба меъёрҳои технологии тайёркунӣ ва ба купюраҳои дар муомилот будаи аслӣ мувофиқат намекунанд. Далели шайъӣ — се адад принтер ва 170 метр қоғази махсус мусодира карда шуд.
Нисбати гумонбаршудагон бо моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

***
Ҳалокати ҷавони 19-сола дар садамаи нақлиётӣ

16-уми июни соли 2017, тахминан соати 20:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Камаз”, марди 47-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Амиршоев ба самти кӯчаи Рӯдакии пойтахт, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард, ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.
Дар натиҷаи рух додани чунин садамаи нохуши нақлиётӣ, мутаассифона, пиёдагард бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

***
Бархӯрди автомашина ба дарахти канори роҳ

16 июни соли 2017, тахминан соати 02:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 35-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳангоми ҳаракат ба самти шаҳри Хучанд, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахт бархӯрдааст.
Дар натиҷа худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Инчунин, мусофири автомашинаи мазкур марди 27-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Дар ин рӯз, тахминан соати 08:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ 2705”, марди 29-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҳангоми ҳаракат дар роҳи хиёбони И.Сомонии шаҳри Кӯлоб бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, писарбачаи 7-солаи сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагарди хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

***
Бо ҳар баҳона бозпас нагардонидани маблағ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии пойтахт марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки аз моҳи марти соли 2013 то ҳол марди 24-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб 12 ҳазор доллари амрикоиашро гирифта, барнамегардонад.
Дар ноҳияи Б.Ғафуров кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкурро бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд. Гумонбаршуда моҳи январи соли 2017 ба боварии марди 58-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, 185 ҳазор рубли русиашро гирифта, дар вақти муқарраргардида бозпас нагардонидааст, ки боиси шикоят бурдани охирин ба мақомоти милитсия гардидааст.
Вобаста ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Июнь 19, 2017 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар конфронси тиббии КФО иштирок намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд
Байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат ба 38 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Тоҷикистон мубодилаи почтаро бо Русия барқарор намуд