Вохӯрӣ бо тоҷикони шаҳри Лион дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ
ДУШАНБЕ, 09.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. 7 июни соли равон дар шаҳри Лион вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсия Ҳомидҷон Назаров бо шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳамдиёроне, ки муқими шаҳри Лион ва минтақаҳои атрофи он мебошанд, баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Франсия хабар доданд.
Ба ҷамъомадагон, ки аксар ҷавонон буданд, дар бораи моҳияти сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Инчунин дар арафаи 20-солагии имзои Созишномаи умумӣ оид ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба ҳозирин маълумот дар бораи роҳи тайкардаи кишвар барои расидан ба ваҳдату ягонагӣ пешниҳод гардида, нақши калидии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзури муттаҳид кардани ҳамаи қувваҳои созандаи кишвар, барқарор намудани ҳаёти осоишта ва баргардонидани гурезагон ба Ватан гуфта шуд.
Ҳамчун омили муттаҳидсозии ҳамватанон ва муаррифии бештари фарҳангу тамаддуни тоҷикон дар хориҷа, аз ҷониби Сафир масъалаи таъсиси ҷамъияти тоҷикон дар шаҳри Лион матраҳ гашт, ки он аз ҷониби ташрифовардагон гарм истиқбол шуда, мавриди дастгирӣ қарор гирифт.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






