Вохӯрии роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо намояндаи ВКД Россия дар самти назорати маводи нашъаовар
ДУШАНБЕ, 20.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода бо Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода ва намояндаи ВКД Федератсияи Россия оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Магомед Килясханов вохӯрӣ доир намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилооти фаврӣ, пешгирӣ ва бурдани корҳои профилактикӣ дар байни ҷомеа ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, доир ба таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз қабили ҷинояткориҳои фаромиллӣ ва пешгирию муборизаи дастаҷамъона дар ин самт як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд ироа карданд.
Ба зикри манбаъ, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба омодагӣ ба ҷаласаи қарибулвуқӯи Шӯрои вазирони корҳои дохилии ИДМ, ки баргузории он дар шаҳри Душанбе дар назар аст, табодули афкор намуданд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






