25 июл-Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ. Роҳандозии лоиҳаи «Корти шаҳрӣ» қадами муассирест дар самти баланд бардоштани хизматрасонӣ дар нақлиёти шаҳрӣ

Июль 25, 2017 10:48

ДУШАНБЕ, 25.07.2017/АМИТ «Ховар»/. Ҳар рӯз ба сокинон ва меҳмонони пойтахт  то 160 автобус, 70 троллейбус ва  наздик ба 2000 микроавтобус  дар 89 хатсайр хизмат мерасонанд. Ин нуктаро Фирдавс Саидзода, директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» дар Рӯзи кормандони нақлиёти  автомобилӣ, ки ҳамасола 25 июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иброз дошт. Назар ба иттилои роҳбари «Душанбенақлиётхадамотрасон»,  дар 66 хатсайр микроавтобусҳо,  дар 16 хатсайр автобусҳо ва дар 7 хатсайр троллейбусҳо ҳамрӯза дар роҳҳои пойтахт ба хизмати мусофирон  сафарбар карда мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки чанде пеш бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон дар нақлиёти шаҳрӣ  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз  Туркия 64 адад автобусҳои калонҳаҷми тамғаи «ISUZU» харид, ки алҳол 50 адади он дар хатсайрҳои  №1, 3 ва 8 ба мусофирон хизмат мерасонанд. Инчунин 14 адад чунин автобусҳо алҳол дар роҳ буда, рӯзҳои наздик ба пойтахт ворид мешаванд.

Мавриди истифода қарор додани автобусҳои калонҳаҷми тамғаи  «ISUZU» дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе  яке аз омилҳои аз байн бурдани  танбашавии нақлиёт дар роҳҳои пойтахт ба шумор меравад. Бинобар иттилои масъули «Душанбенақлиётхадамотрасон»  барои ҳар як хатсайр ҷадвали ҳаракат таҳия ва тасдиқ шудааст, ки  тавассути он автобусу  троллейбусҳо  ба мусофирон хизмат мерасонанд. Аз рӯи ҷадвали  тасдиқшуда фосилаи ҳаракат дар соатҳои  зиёдшавии анбӯҳи мусофирон — аз соати 7:00 то 9:00  аз 3  то 5 дақиқа ва аз соати 9:00 то 16:00  аз 5, 7 ва 10 дақиқа  иборат мебошад.  Ҳамзамон барои баланд бардоштани сатҳи  фарҳанги хизматрасонии ронандагони воситаҳои нақлиёти шаҳрӣ ба мусофирон аз ҷониби  Муассисаи  давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»   бо ҷалби омӯзгорон ва мутахассисони ботаҷриба  машғулиятҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шудаанд.  Инчунин ронандагони автобусу троллейбусҳо бо либоси ягонаи корӣ таъмин гардида, ҳар субҳ қабл аз шурӯи кор ронандагон аз ташхиси тиббӣ ва воситаҳои нақлиёти онҳо, ки давоми рӯз ба мусофирон хизмат  мерасонанд, аз муоинаи техникӣ гузаронида мешаванд.  Ҳамзамон Фирдавс   Саидзода зикр кард, ки ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонии пойтахт дар Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии  Тоҷикистон паси чанбараки воситаҳои нақлиёт нишаста, ба мусофирон хизмат мерасонанд. Интизор меравад, ки имрӯз дар иртибот ба иди касбии нақлиётчиён дар идораю муассисаҳои нақлиётии ҷумҳурӣ маҷлисҳои тантанавӣ баргузор гардида, собиқадорон, мутахассисон, ронандагон ва дар маҷмӯъ онҳое, ки дар  рушди бахши нақлиёти  кишвар саҳми шоиста мегузоранд,  бо туҳфаю мукофотҳо қадрдонӣ гарданд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои  Талбӣ Сафарзода,  сардори шуъбаи  назорати техникии Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати  корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ   440 ҳазору 948 адад воситаҳои гуногуни нақлиёт ба қайд гирифта  шудаанд ва дар роҳҳои  кишвар  ҳаракат мекунанд. Ин омор нисбат ба ҳамин давраи  соли  гузашта  6 ҳазору 225 адад зиёд мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки нақлиётчиёни кишвар иди касбии худро дар  ҳоле таҷлил менамоянд, ки ҳафтаи гузашта дар пойтахти кишвар  —  шаҳри Душанбе лоиҳаи намунавии «Корти шаҳрӣ»-и пардохт ва назорати электронии роҳкиро дар нақлиёти мусофирбар рӯнамоӣ гардид. Дар маросими он Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иштирок намуд.  Лоиҳаи низоми электронии пардохт ва назорати роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари шаҳрро мутахассисони ширкати «IBA-Group» -и Ҷумҳурии Беларус  тарҳрезӣ намуда, корҳои насбу танзими таҷҳизот ва таҳияи кортҳои электронӣ дар доираи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ анҷом дода мешаванд. Гуфта мешавад, ки гузариш ба  пардохт ва назорати электронии роҳкиро дар се марҳила татбиқ гардида, марҳилаи аввали  он моҳҳои аввали фаъолият, марҳилаи дуюм то ҷашни Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  марҳилаи интиҳоии он охири соли равон амалӣ карда мешавад. Низоми пардохти электронӣ дар  марҳилаи аввал дар 29 автобус  ва 28 троллейбуси хатсайри марказии шаҳри Душанбе, яъне хиёбони Рӯдакӣ  ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ шудааст.  Мусофирон кортҳои электронии пардохтро метавонанд аз ронанда, назоратчӣ, ҳамчунин аз терминалҳои махсусе, ки дар истгоҳҳо амал мекунанд  ва дигар нуқтаҳои фурӯши шаҳрӣ  дастрас намоянд. Дар нақлиёти шаҳрӣ барои қабули пардохтҳои электронӣ таҷҳизоти махсус, ки валидатор ном дорад, насб шудаанд. Ронанда ҳангоми оғози кор корти худро ба валидатор гузошта,  онро барои қабули роҳкиро ва назорати ҷараёни он омода месозад.

Мусофир қабл аз ворид шудан ба автобус ё троллейбус  корти роҳкироро дастрас намуда,  ҳангоми ворид шудан ба воситаи нақлиёт онро  болои таҷҳизоти қабул —  валидатор мегузорад ва дар сурати мавҷуд будани маблағ  дар табло  калимаи «раҳмат» ва агар дар корт маблағи зарурии пардохт мавҷуд набошад, истилоҳи «қабул нашуд» пайдо мешавад. Дар марҳилаи аввал дар ҳар як воситаи нақлиёти мусофирбар назоратчиҳо фаъолият мекунанд, ки ҷараёни истифода ва пардохти электронии роҳкироро назорат хоҳанд кард. Мусофирон метавонанд корти роҳкироро аз назоратчӣ ё ронанда дастрас намоянд. Дар сурати надоштани корт мусофир метавонад  маблағи роҳкироро ба назоратчӣ пардохт намуда, аз ӯ расид (чек) гирад. Инчунин дар автобусу троллейбусҳо мониторҳои  иттилоотӣ бо нишон додани масири  хатсайр ва истгоҳҳо амал  карда, барои нафақахӯрон ва шахсони дорои имконияти маҳдуд кортҳои имтиёзнок ҷорӣ шудаанд.  Гузаштан ба шакли электронии пардохт, пеш аз ҳама, барои мусофирон   аз лиҳози сарфакорӣ зарур ва барои пардохт мувофиқ  буда, ба баланд бардоштани сатҳ  ва фарҳанги хизматрасонии мусофирон мусоидат менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки соҳаи нақлиёти автомобилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷузъҳои ҷудонопазири  иқтисодиёти кишварамон буда, он дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  рушд ёфтааст. Таъмиру таҷдид ва бунёди инфрасохтори замонавӣ дар бахши нақлиёти автомобилии кишвар шаҳодати ин гуфтаҳост.

                                                                              Марзия САИДЗОДА

Июль 25, 2017 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ багузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид