5 июл Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ ҷамъбаст мегардад

Июль 4, 2017 11:49

ДУШАНБЕ, 04.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. 5 июли соли 2017 соати 17:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат» ҷамъбаст мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар барнома ансамблҳои оилавие, ки дар даври аввал ғолибият ба даст оварда буданд, ҳунари худро манзури тамошобинон мегардонанд.

Даври аввали Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат» моҳи майи соли 2017 оғоз гардид. Фестивал бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди фаъолияти ансамблҳои оилавӣ, дарёфти чеҳраҳои нав, ҷалби ҳарчи бештари мардуми кишвар ба фарҳангу санъат ва ба ин васила баланд бардоштани нақши оила дар тарбияи ҳисси зебоипарастии ҷавонону наврасон гузаронида мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар даври аввал 51 ансамбли оилавӣ аз ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд, Хатлон ва ВМБК иштирок намуда, дар натиҷа 10 ансамбли оилавӣ ба даври ҷамъбастӣ роҳ ёфтанд.

Аз 16 ансамбли оилавии навоҳии тобеи марказ ансамблҳои оилавии ноҳияҳои Лахш, Файзобод, Нуробод, Ҳисор ва шаҳри Турсунзода ғолибият ба даст оварданд. Аз 9 ансамбли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ансамблҳои оилавӣ аз ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб, аз 10 ансамбли вилояти Хатлон ансамблҳои шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Қубодиён, аз 16 ансамбли оилавии вилояти Суғд ансамбли оилавии ноҳияи Мастчоҳ ба даври ҷамъбастӣ роҳ ёфтанд.

Ғолибон ва фаъолони ҷашнвора бо туҳваву ифтихорнома ва нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» қадрдонӣ мешаванд.

 

 

Июль 4, 2017 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд