Баррасии ду қонуни мукаммал дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ

Июль 12, 2017 09:23

ДУШАНБЕ, 12.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид,  ки дар он масъалаҳои муҳими вобаста ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар баррасӣ гардиданд.

Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ёвари  Раиси палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон Наврӯз Қурбонзода  иттилоъ дод. Мавсуф гуфт, ки дар ҷаласаи Шӯро ду қонуни мукаммал- қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» ва «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо ва як зумра қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардиданд.

Аъзои Шӯро қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуданд.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамзамон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Дар бораи фаъолияти оперативӣ–ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи реклама», «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»,  «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва «Дар бораи монополияҳои табиӣ»-ро матраҳ карданд.

Инчунин дар ҷаласаи Шӯрои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима шуданд. Дар анҷом тамоми масъалаҳо ба иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки имрӯз  баргузор мегардад, пешниҳод гардиданд.

Июль 12, 2017 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад