Баррасии ду қонуни мукаммал дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ
ДУШАНБЕ, 12.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими вобаста ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар баррасӣ гардиданд.
Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ёвари Раиси палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон Наврӯз Қурбонзода иттилоъ дод. Мавсуф гуфт, ки дар ҷаласаи Шӯро ду қонуни мукаммал- қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» ва «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо ва як зумра қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардиданд.
Аъзои Шӯро қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуданд.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамзамон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Дар бораи фаъолияти оперативӣ–ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи реклама», «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва «Дар бораи монополияҳои табиӣ»-ро матраҳ карданд.
Инчунин дар ҷаласаи Шӯрои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима шуданд. Дар анҷом тамоми масъалаҳо ба иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки имрӯз баргузор мегардад, пешниҳод гардиданд.








Дар даври омӯзишии байналмилалӣ дар Италия масоили дипломатияи илмӣ ва ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ мешаванд
Файзалӣ Идизода бо муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ мулоқот намуданд
Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуданд
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Раиси Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид






