Дар бозори шаҳри Хоруғ ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи арзон доир шуд

Июль 15, 2017 12:25

ХОРУҒ, 15.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозори «20-солагии Истиқлолияти давлатӣ»-и шаҳри Хоруғ ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ роҳандозӣ шуд.

Тавре хабарнигори  минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, нархи тамоми навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба чанд рӯзи пеш як баробар арзон пешниҳод гардид.    Бар асари ҷорӣ шудани сел дар деҳаҳои Хостав ва Ширговади ноҳияи Дарвоз роҳи Кӯлоб — Қалъаи Хум — Хоруғ баста шуда, ба нарху навои бозору мағозаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят таъсири худро  расонд. Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади паст намудани нархи маводи озуқаворӣ чунин ярмарка доир намуд.

Сокини  шаҳри Хоруғ Оламнамо Рустамова   бо минатдорӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ   иброз дошт, ки як рӯз пеш барои харид ба бозор рафта, аз нархи гарони он натавонист маҳсулоти заруриро харидорӣ намояд ва имрӯз он маҳсулотҳоро бо нархи арзон харидорӣ намуд.

«Имрӯз нархи  картошка  4 сомонӣ ва харбуза 3 сомонӣ аст. Нархи шакар, ки як ҳафта пеш 8 сомонӣ буд, имрӯз 4 сомонӣ мебошад. Умуман ҳамаи намудҳои маводи ғизоӣ бо нархи дастрас фурӯхта мешаванд. Мо хеле минатдор ҳастем»,- баён намуд  Оламнамо Рустамова  .

Ба гуфтаи масъулини Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то ба эътидол омадани вазъи роҳҳои автомобилгард чунин ярмаркаҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳафтае як маротиба баргузор карда мешаванд.

Июль 15, 2017 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд