Дар Китобхонаи миллӣ Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон нахустин Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо иштироки доираи васеи намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ, палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва ИМА, ширкатҳои бонуфузи Амрико, аз қабили «General Electrics», «Mobilized Construction», «Visa», «Coca-Cola», «APR Energy», «Baker McKenzie», Корпоратсияи «AGCO», шӯрои амрикоӣ оид ба таҳсилоти байналмилалӣ, Агентии рушди сайёҳии «White 64» ва ғайра баргузор гашт.
Ба кори Форум Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ҳусни оғоз бахшид. Раиси Шурои соҳибкорони ИМА ва Тоҷикистон, Директори муносибатҳои ҷамъиятӣ, рушди соҳибкории байналмилалӣ Филипп Де Леон аз пазироии самимии ҷониби Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба кори нахустин Бизнес -форуми соҳибкорони Тоҷикистону ИМА комёбӣ таманно намуд.
Дар форуми мазкур имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетика, саноат сайёҳӣ ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дучониба байни Тоҷикистон ва Америка дар шакли рӯнамо муаррифӣ карда шуданд.
Ҳамчунин аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода рӯнамоии имкониятҳои сармоягузорӣ ва рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт.













Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






