Дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон 17 лоиҳаи сармоягузорӣ мавриди татбиқ қарор доранд

Июль 31, 2017 15:09

       ДУШАНБЕ, 31.07.2017/АМИТ «Ховар»/. Алҳол дар соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии  Тоҷикистон 17 лоиҳаи  сармоягузорӣ ба маблағи  беш аз 803 миллион доллари амрикоӣ мавриди татбиқ  қарор доранд. Худоёр  Худоёрзода, Вазири  нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ин ниҳод  дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе   гуфт, ки  аз 17 лоиҳаи сармоягузорӣ 14 лоиҳа  мутааллиқ ба роҳҳои мошингарди кишваранд, ки беш аз 96 фоиз  ё 773,6 миллион доллари маблағҳои лоиҳавиро  ташкил медиҳанд.

Худоёр Худоёрзода   зикр кард, ки алҳол  корҳои сохтмонӣ  дар лоиҳаҳои сармоягузории   таҷдиди  роҳҳои мошингарди  Хуҷанд-Исфара, Душанбе-Турсунзода  ё қитъаи роҳ аз муҷассамаи  Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии Душанбе ва корҳои  омодагӣ ба  таҷдиди роҳи мошингарди  Душанбе –Қӯрғонтеппа  босуръат идома доранд.

Ҳамзамон  вазир афзуд, ки  иҷрои корҳо дар лоиҳаҳои  бунёди роҳи автомобилгарди  Кӯлоб –Қалъаихумб, қитъаи Шамсиддин Шоҳин-Шоҳон  ва роҳи мошингарди  Восеъ –Ховалинг дар арафаи анҷомёбианд.

Инчунин  бо мақсади  бунёди терминали  боркашонӣ дар кишвар соли равон амалигардонии лоиҳаи «Беҳтар намудани  инфрасохтори фурдгоҳи байналмилалии Душанбе»  расман оғоз ёфт, ки татбиқи он ба рушди боркашонӣ дар кишвар мусоидат менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки дар раванди   татбиқи лоиҳахои сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт  имрӯзҳо  беш аз 1700 нафар мутахассисон ва коргарон фаъолият доранд, ки  зиёда аз 1500 нафар ё 88,6 фоизи онҳоро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунанд.

Июль 31, 2017 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд