Дастовардҳои хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ
ДУШАНБЕ, 24.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 23 июли соли 2017 дар шаҳри Рио де Жанейрои Ҷумҳурии Бразилия Олимпиадаи ҷаҳонӣ «58th IMO 2017» аз фанни математика баргузор шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро 6 нафар хонандагон муаррифӣ намуданд.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар Олипиада аз 100 давлати дунё хонандагон иштирок карда, мактаббачаҳои тоҷик тавонистанд бо гирифтани 3 медали биринҷӣ ва се ифтихорномаи фахрӣ Парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон баланд бардоранд.
Муҳаммадҷон Бобоев аз Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе, Наимҷон Хонҷонов ва Комрон Абдуллоев аз Муассисаи таълимии хусусии Литсей-интернати Тоҷикистону Россия «Ҳотам ПВ» сазовори медали биринҷӣ гардиданд.
Инчунин аз 16 то 24 июли соли равон дар шаҳри Ёгякартаи Ҷумҳурии Индонезия Олимпиадаи ҷаҳонӣ «48th IPhO-2017» аз фанни физика доир шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро 5 нафар хонандагон муаррифӣ намуданд. Дар он аз 87 давлати дунё хонандагон иштирок намуданд.
Дар ҷамъбаст хонандагони тоҷик бо сазовор гардидани 2 медали биринҷӣ ва 1 ифтихорномаи фахрӣ дастёб гардиданд.
Сабина Абдураҳмонова аз Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе ва Далер Пиров аз Муассисаи таълимии хусусии Литсей-интернати Тоҷикистону Россия «Ҳотам ПВ» сазовори медали биринҷӣ гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки аз аввали соли 2017 хонандагони тоҷик ба Ватан 99 медал (14 медали тилло, 35 медали нуқра, 50 медали биринҷӣ) оварданд.








Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд






