Давлаталӣ Саид: «Тоҷикистон ҷонибдори ташаббусҳои созанда ва беғараз дар роҳи таҳкими ҳамкории судманд аст»

Июль 3, 2017 17:25

ДУШАНБЕ, 03.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъол ва ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдори густариши  робитаҳои неки  ҳамҷаворӣ,  минтақавӣ ва байналмилалӣ буда, мо аз ҳар гуна ташаббусҳои созанда ва беғараз дар роҳи таҳкими ҳамкории судманд истиқбол менамоем». Ин матлабро муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Давлаталӣ  Саид дар Форуми  минтақавии CAMCA /САМКА/  (Осиёи Марказӣ, Монголия, Қафқоз, Афғонистон), ки зарфи ду рӯз   таҳти унвони «Рушди ҳамкории минтақавӣ» дар Душанбе-  пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури намояндагони 15 кишвари ҷаҳон доир гардид, баён кард.

Зикр шуд, ки баргузории  форуми минтақавӣ дар Душанбе фурсати муносибро ҷиҳати баррасии масъалаҳои муҳим, аз қабили иқтисодию, фарҳангӣ ва амниятии марбут ба ҳавзаи кишварҳои Осиёи Марказӣ,  Қафқоз, Монголия ва Афғонистонро фароҳам меоварад.  Муовини аввали Сарвазир таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  ноил гардидан ба Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба як давлати  мустақил ва  босуботу устувор табдил ёфт.

Дар натиҷаи татбиқи сиёсати дуруст  дар кишвар сатҳи камбизоатӣ аз 80 фоиз то ба 25 фоиз коҳиш дода шуд. Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то  соли 2030»   қабул гардид, ки ҳадафи он  бунёди модели  технократӣ  ва шоистасолории идоракунӣ дар кишвар маҳсуб ёфта,  самтҳои пешбарандаи рушди иқтисодиёти Тоҷикистонро муайян намудааст.

Инчунин таъкид гардид, ки дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати хориҷӣ ба дастовардҳои муваффақ ноил гардид. Роҳбарияти Тоҷикистон тавонист бо татбиқи Консепсияи сиёсати  хориҷии «дарҳои боз» бо тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон робитаҳои баробарҳуқуқии дӯстона ва шарикона барқарор намуда,  дар муддати кутоҳи таърихӣ ҷойгоҳи устувори байналмилалии худро ба даст оварад.  «Тоҷикистон  сиёсати хориҷии сулҳомез, башардӯстона ва пайвандгароро  пеш бурда, ба  арзишҳои ҳуқуқи байналмилалӣ эҳтиром мегузорад»,- таъкид кард Давлаталӣ Саид. Бо дахли иқдомҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали Сарвазир гуфт, ки  ташаббусҳои наҷиби минтақавӣ ва байналмилалии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон, хусусан дар масъалаҳои глобалии марбут ба об, таъмини башарият бо оби тоза, ки аз ҷониби СММ ҷонибдорӣ гардидаанд, ҳамчун иқдомҳои барои башарият судманд дар барномаи кории СММ  қарор гирифтаанд.

32

Соли 2016 СММ Барномаи фарогири  «Даҳсолаи об барои рушди устувор 2018-2028»-ро қабул намуд, ки он қадами устуворест дар роҳи расидан ба ҳадафҳои  рушди устувор барои ҷомеаи ҷаҳонӣ. Инчунин таъкид шуд, ки тақвияти робитаҳои нек бо ҳамсояҳои минтақавӣ ва рушди раванди ҳамкории минтақавӣ,  яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. «Дар ин самт  мо ба  рушди ҳамкории иқтисодӣ, энергетикӣ,  коммуникатсионӣ ва амниятӣ дар минтақа аҳамияти аввалиндараҷа дода, барқарории  сулҳу субот дар Афғонистонро  ба манфиати тамоми кишварҳои минтақа мешуморем»,-зикр кард муовини аввали Сарвазири Тоҷикистон.

Таъкид шуд, ки дар доираи ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ барои барқарорӣ ва  рушди Афғонистон 17 лоиҳаи инфрасохторӣ пешниҳод гардидаанд, ки татбиқи онҳо  барои рушди Афғонистон  таъсири ҷиддӣ мегузорад. Яке аз ин лоиҳаҳо лоиҳаи  «CASA-1000» мебошад.  Дар раванди ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалии  кишварамон   Россия, Амрико, Хитой,  СММ, Иттиҳоди Аврупо,  Созмони Ҳамкории  Шанхай аз шарикони устувори Тоҷикистон буда, дар масъалаҳои муҳим, чун ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, тақвияти институтҳои шаҳрвандӣ  ва демократӣ, сармоягузорӣ барои рушди Тоҷикистон, таҳкими  амнияти миллӣ ва минтақавӣ,   мубориза бо терроризм ва экстремизм ҳамкории васеъ доранд.  Давлаталӣ Саид баргузории Форуми минтақавии CAMCA -ро дар Душанбе  падидаи мусбат арзёбӣ намуд.

Бояд тазаккур дод, ки Форуми минтақавии CAMCA, ки аз ҷониби  Бунёди Доналд Рамсфелд созмон дода шудааст, дар худ намояндагон-олимону сиёсатшиносон ва коршиносони бахшҳои гуногуни ниҳодҳои пажӯҳишии 10 кишвари  минтақа — Осиёи Марказӣ, Монголия, Қафқоз ва  Афғонистонро муттаҳид намудааст.   Дар Форуми CAMCA    муҳимтарин масъалаҳои  марбут ба рушд ва дурнамои кишварҳои ҳавзаи CAMCA, назири рушди иқтисод, ҷалби сармоя, энергетика, коммуникатсия, туризм, инчунин масъалаҳое, ки ба амнияти кишварҳои минтақа  хавф доранд, аз қабили ифротгароӣ, терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуби замони муосир баррасӣ гардида, барои ҳали мушкилоти дар минтақа ҷойдошта, пешниҳодҳои ҷолибу судманд  ироа гардиданд.

Директори Маркази тадқиқоти  стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки  бори нахуст дар Душанбе доир гардидани  Форуми минтақавии CAMCA бо ҳузури намояндагони кишварҳои хориҷӣ  падидаи нек буда, барои баланд гардидани обрӯю эътибори кишварамон дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат менамояд. Иштирокдорони Форуми минтақавии CAMCA аз мавзеъҳои зебоманзар ва таърихии Тоҷикистон  дидан намуданд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2016 Форуми минтақавии САМСА дар Тифлис -пойтахти Гурҷистон баргузор гардида буд.

                                                                             Марзия САИДЗОДА

Июль 3, 2017 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст