«Илму давлат назми кори миллат аст» — шарҳи матбуот

Июль 6, 2017 16:35

ДУШАНБЕ, 06.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шумораи навбатии нашрияи расмии  «Ҷумҳурият» (03.07.2017,№138) оид ба фаъолияти ҷамъиятиву сиёсии доктори илмҳои таърих, профессор Абдуфаттоҳ Шарифзода мақолаи академик Раҳим Масов таҳти сарлавҳаи «Муаррих ва ҷомеашинос» чоп шудааст.  Мавриди зикр аст, Абдуфаттоҳ Шарифзода муаллифи 12 асари илмӣ, беш аз 50 асари илмӣ-оммавӣ, 150 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад, ки дар мавзӯъҳои маориф, парламентаризм, таърихи давлатдории миллати тоҷик, фаъолияти сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навишта шудаанд.

«Асарҳои навиштаи ӯ «Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳ», «Фархундапай», «Маорифпарвар», «Пайвандгар», «Бунёдкор», «Президент» ва ғайра далели муътамад ва бебаҳои нақши босазои нишонгари саҳми сазовори ӯ дар омӯзиш ва баррасии таърихи муосири Тоҷикистон маҳсуб мешавад. А. Шарифзода муаллифи силсилаасарҳо доир ба фаъолияти рӯзмарраи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, то имрӯз дар ин мавзӯъ 25 ҷилд китобҳоро, ки ифодакунандаи заҳматҳо, фаъолияти ҳамарӯза ва мақоми беназири Сарвари давлат дар бунёд ва ташаккули давлатдории миллӣ мебошанд, ба табъ расондааст», — омадааст дар мақолаи Р. Масов.

Ба ифтихори 10-солагии Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар саҳифаи 3 нашрия мусоҳибаи Абдулқодири Раҳим бо муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода, пешкаши хонандагон шудааст, ки паҳлуҳои гуногуни ин мавзӯи муҳими рӯзро инъикос кардааст.

«Моро кӯшишҳои хастагинопазири Ҷаноби Олӣ, Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созанда дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи муосири озод месозад, ба ҳайрат гузошт. Бовар дорам, ки ин кӯшишҳои халқи боистеъдод ва меҳнатдӯсти Тоҷикистон самари нек хоҳанд овард», — бо ҳамин суханони Кочерил Раман Нараянан, собиқ Президенти Ҳиндустон дар рубрикаи «Сухани рӯз» шумораи навбатии «Ҷумҳурият» аз 4 июли соли равон таҳти №139 чоп шудааст. Дар шумораи мазкури нашрия мақолаи устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдулҳай Маҳмадаминов ва Мирзо Солеҳов «Илму давлат назми кори миллат аст» нашр шуда,  ҳамчунин оид ба пешгирии қочоқи маснуоти заргарӣ, гирифтани пеши роҳи тақлидкорӣ ба фарҳанги бегона ва дигар мавзӯъҳои муҳим маводи матбуотӣ пешкаши хонандагон шудаанд.

«Ҷумҳурият» (05.07.2017,№140) аз маросими истиқболи бошукӯҳи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омадааст, гузориши муфассал нашр кардааст. Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон аз вохӯрии хосаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф оғоз гардида, сипас бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб идома ёфт. Дар охири музокироти сатҳи олӣ аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти дуҷониба бо иштирок ва дар ҳузури сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Навоз Шариф як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Бояд гуфт, то имрӯз миёни Тоҷикистон ва Покистон 50 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шудаанд.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (04.07.2017,№79) аз ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум хабари муфассал нашр кардааст. Мавриди зикр аст, ки давоми як соли охир 34 ҷаласаи Шӯро ва 28 ҷаласаи Маҷлиси намояндагон баргузор гардида, 175 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ аз тарафи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон қабул шудаанд. Аз миёни санадҳои қабулшуда 11 қонуни мукаммал, 1 кодекс, 2 қонуни конститутсионӣ, 66 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, инчунин 46 созишнома, ёддошт, шартномаҳои байналмилалӣ ва стратегияву барномаҳои давлатӣ мебошанд. Иҷлосияи навбатии (чоруми) Маҷлиси намояндагон 2 октябри соли 2017 таъйин шудааст.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» мақолаҳои «Фазилатҳои об», «Исрофкорӣ ҳаром аст», «Сарзамини ганҷрез», «Ҳар касеро баҳри коре сохтанд» ва маводи таҳлилии рӯзноманигор М. Раҳмоновро бо номи «Бардорад зам кун?» пешкаши хонандагон кардааст. Муаллифи мақолаи таҳлилӣ навиштааст: «Яке аз сабабҳои болоравии нархҳо дар он аст, ки ҳамаи бозорнишинон манфиати худро доранд ва фоидаи зиёд гирифтан мехоҳанд. Маҳсулот ба бозорҳои яклухтфурӯшӣ ба воситаи «дасти дуюм» ворид мешавад. Аҳолӣ маҳсулотро дар аксари бозорҳо аз дасти сеюм ва чорум мехарад. Ҳар кадоми ин «дастҳо» ба болои нархи яклухт сарбории худро зам менамоянд, ки дар натиҷа он осмонхарош мегардад». Воқеан аз ин ҳолати фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои ҷумҳурӣ аксарият огоҳ ҳастанд, вале роҳи ҳалли мушкилот – гирифтани пеши роҳи қиматшавии сунъии маҳсулоти истеҳсоли дохилӣ дар куҷост, то ҳоло муаммо боқӣ мондааст.

 

Июль 6, 2017 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд