Имрӯз 1 июл, шанбе, 182-юмин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 183 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июль 1, 2017 08:00

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

1 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Хадамоти федеролии назорати маводи нашъаовари Федератсияи Россия Виктор Ивановро ба ҳузур пазируфтанд.  Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Россия дар мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуда, таъкид гардида буд, ки ҳарду ҷониб аз афзоиши истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир аз ҳудуди Афғонистон нигаронӣ доранд ва омодаанд, ки баҳри пешгирӣ аз ин хатар тадбирҳои муштаракро тақвият бахшанд.

***

3 сол пеш, 1 июли соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини соҳаи кишоварзӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт машварати корӣ доир намуда буданд. Бо ёдоварӣ аз ин ҳолат таъкид гардида буд: «болобарии сунъии нархҳо бояд пешгирӣ карда шавад ва ҳамзамон тавассути афзун намудани истеҳсолот ва таъмини фаровонӣ дар бозорҳо ба паст шудани нархҳо мусоидат бояд кард».

***

Дар ин рӯзи соли 2012  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба Украина дар бозии  финали Чемпионати Аврупо оид ба футбол иштирок намуданд.

***

1 июли соли 2016  дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳамкории ҷониби Тоҷикистон бо Ширкати «Салини Импреҷило» дар соҳаи гидроэнергетика, хусусан ҳамкорӣ дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ шуда буд.

1 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии меъморӣ.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳамкорӣ.

***

Дар Раунда – Рӯзи Истиқлолият.

***

Дар Гана – Рӯзи ҷумҳурӣ.

***

Дар Хитой – Рӯзи Ҳизби Коммунистӣ.

***

Дар Арманистон – Рӯзи кормандони прокуратура.

***

Дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони андоз.

***

Дар ИДМ – Рӯзи кормандони флоти баҳрӣ ва дарёӣ.

 

РӮЙДОДҲО:

1 июли соли 2010 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳи Душанбе филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов ифтитоҳ гардида буд.

***

7 сол пеш, 1 июли соли 2010 бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳуии Тоҷикистон  дар доираи Лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ «Оид ба ташаккули шароити иқтисодӣ-иҷтимоӣ барои ҷавонони Тоҷикистон» дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд Маркази ҷавонон таъсис дода шудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани Созишномаи усулии ҳамкорӣ байни Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва Ширкати «Салини Импреҷило»- и Италия (Salini Impregilо) баргузор гардидааст. Хотиррасон бояд шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2008-2014 барои татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун» бо Бонки Ҷаҳонӣ ҳамкории судманд дошт.

***

 1 июли соли 2010  бо Фармони Президенти Федератсияи Россия Дмитрий  Медведов шаҳрванди Тоҷикистон  Абдуғаффор Қурбонов бо ордени интернатсионалистӣ «Барои хизмат ба Ватан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дараҷаи III» қадрдонӣ карда шуда буд. Дар Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳури Тоҷикистон маросими супоридани ҷоиза багузор гардида, ҳамзамон зикр шуда буд, ки «ҷоиза ба ин ҳамватани мо соли 1989 қадрдонӣ шудааст ва он ҳоло қаҳрамони худро пайдо кард».

***

1 июли соли 2011 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 3- юми Шӯрои ҳамоҳангсозии Минтақаҳои озоди иқтисодӣ баргузор  гардид.

***

7 сол муқаддам, 1 июли соли 2010 хати барқи «Варзоб-Айнӣ», ки водии Зарафшонро бо барқи нисбатан арзон таъмин менамуд, ба истифода дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1875 Иттифоқи  байналмилалии почтаҳо ба фаъолият шурӯъ намудааст.

***

70 сол пеш аз ин, 1 июли соли 1947 Созмони байналмилалии кумак ба гурезагон дар назди СММ таъсис дода шудааст.

***

1 июли соли 1966 Франсия аз Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) баромад.

***

  1 июли соли 1994  Бразилия пули миллиашро аз  крузейро ба реал иваз кардааст.

***

Дар ин рӯз соли 2002 Ватикан расман кашидани сигорро дар ҳудуди мамлакаташ манъ кардааст.

***

1 июли соли 1999 аввалин маротиба дар таърихи 300-солааш дар Шотландия ҷаласаи Парлумон баргузор гардидааст.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1866 дар Россия аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон киштии зериобии бо муҳаррики механикӣ ҳаракаткунанда ба истифод дода шудааст.

***

Соли 1982 ИМА ва Франсия аввалин моҳвораи ҷустуҷӯкунанда ва наҷотдиҳандаро ба кайҳон равон кардаанд.

***

Соли 2000   дарозтарин пул (кӯпрук) дар Аврупо сохта шудааст, ки Шветсияро бо Дания мепайвандад.

 

Июль 1, 2017 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст