ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, шанбе, 325-умин рӯзи соли 2026 аст

Ноябрь 21, 2026 08:00

21 ноябри соли 2002 дар шаҳри Млада Болеслави Ҷумҳурии Чехия  зимни вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайати расмии чех ва ширкати автомобилсозии машҳур «Шкода АУТО» масъалаи дар шаҳри Душанбе кушодани ин фурӯшгоҳи автомобилӣ баррасӣ гардид.

***

21 ноябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо доир ба робитаҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ Ивета Григуле масоил оид ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид.

***

21 ноябри соли 2017 дар Қасри миллат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 нафар сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Муғулистон, Ҷумҳурии Индонезия, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Шоҳигарии Марокаш, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Кипр ва Давлати Исроил бо паёму дуруд аз роҳбарони давлатҳои хеш эътимоднома тақдим намуданд.

***

21 ноябри соли 2019 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ баргузор гардид.

***

21 ноябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъйини Русия, Куба, Мексика, Аргентина, Чад ва Гана эътимоднома қабул намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия дар Қасри Кремл мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид.

***

21 ноябри соли 2024 дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ҷаласа Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Туркманистон иштирок намуданд.

21 НОЯБР:

Рӯзи ҷаҳонии телевизион.

***

Рӯзи ҷаҳонии салом.

***

Дар Русия – Рӯзи кормандони сохтори андоз.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1892 дар Париж Ҳизби сотсиалистии полякҳо таъсис дода шуд.

***

Соли 1948 дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ҳамаи эълонҳо ва нашрияҳои Кумитаи зиддифашистии Аврупо манъ карда шуд.

***

Соли 1949 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид барои пурра мустақил гардидани мустамликаҳои собиқи Италия овоз дод.

***

Соли 1972  дар сессияи 17-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО Ҷумҳурии Демократии Олмон ба ҳайати он дохил карда шуд.

***

Соли 1996  дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид аввалин Форуми байналмилалии телевизионӣ баргузор гардид.

 

Ноябрь 21, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш