Имрӯз дар Душанбе машварати минтақавӣ дар доираи Панели сатҳи баланд оид ба об баргузор гардид

Июль 6, 2017 16:37

ДУШАНБЕ, 06.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳалли масъалаҳои марбут  ба  об   дар машварати минтақавӣ доир ба ташаббуси арзиши  об, ки имрӯз дар Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Панели сатҳи баланд  оид ба об баргузор гардид, баррасӣ шуд.

Муовини якуми  Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода дар оғози  машварат  зикр намуд, ки  Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об  моҳи январи соли    2016 аз ҷониби Котиби генералии Созмони Милали  Муттаҳид  ва Бонки Ҷаҳонӣ  таъсис дода шуда,  Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар байни  11 роҳбари кишварҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои аъзои  Панели сатҳи баланд оид ба об,  узви он мебошанд. Коркарди маҷмӯи  усулҳои  умумӣ  барои эътимоднокӣ ва ҳавасмандгардонии ҳукуматҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаи баррасии  арзиши бисёрсамтаи об  ва таъмини шаффофияти  ворид намудани он ба  раванди қабули  қарор  аз ҷониби сиёсатмадорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ  аз ҳадафҳои  асосии Панел мебошад. Нақшаи фаъолияти Панели мазкур  дорои 48 амал ва фарогири  9  самт мебошад.

54Дар машварат намояндагони расмии 15 кишвари ҷаҳон, Бонки ҷаҳонӣ, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалию ҷамъиятӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Монголия ва дигар давлатҳои Аврупо ширкат намуда,  масоили марбут ба ҳалли мушкилоти об, ки имрӯз дар ҷомеаи башарӣ яке аз масъалаҳои муҳим мебошад, аз ҷумла мудирияти  об, арзиши об, ташаккули шарикӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба истифодаи оқилонаи обро баррасӣ карда, пешниҳодҳои судманд ирсол намуданд.  Таъкид шуд,  ки масъалаҳои марбут ба обро чӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ  мебояд тавассути ҳамкории созанда, шаффоф  ва самарабахш бо андешидани тадбирҳои зарурӣ ва оқилона ҳал  бояд намуд.

Бо дахли мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон,   дар ҳалли масоили марбут ба об зикр шуд, ки  ҷонибдории пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 аз сӯи СММ  барои рушди соҳаҳои  гуногуни иқтисодию иҷтимоии кишварҳои ҷаҳон хеле муфид аст.   Таъкид шуд, ки  Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор  шинохта шудааст. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ зарурати таъмини дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт, масъалаҳои баланд бардоштани сифати об тавассути коҳиш додани ифлосшавии муҳити зист ва самаранокии истифодаи он, ҳифзи экосистемаҳои об, идоракунии муштараки захираҳои об ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи обро ҳамеша таъкид мекунанд. Дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки яке аз талаботи Ҳадафҳои Рушди Устувор аст, дар назди ҷомеаи байналмилалӣ вазифаҳои муҳимро мегузорад, зеро коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, таъмини баробарӣ ва василаҳои зиндагӣ, коҳиш додани осебпазирӣ ва ҳалли масъалаҳои тандурустӣ,  иҷтимоӣ ба рушду идораи оқилонаи захираҳои об иртибот дорад.

57Дар кори машварати минтақавӣ ҳамчунин  намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва дигар  кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мутахассисони бахши об  доир ба мавқеи кишварҳояшон дар ҳалли масъалаҳои марубт ба об ибрози назар намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки  тибқи гузориши коршиносон,  ҷаҳони имрӯза ба мушкилоти марбут ба об мувоҷеҳ аст. Алҳол дар ҷаҳон  ҳудуди 800 миллион нафар ба оби нӯшокии безарар дастрасӣ надошта, интизор меравад, ки бо назардошти афзоиши тадриҷии  аҳолӣ то соли 2030 қариб 40%-и аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор гарданд.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон аз лиҳози захираҳои обӣ бой буда,  ҷойгоҳи арзишмандро касб намудааст. Дар қаламрави ҷумҳурӣ  беш аз 14,5  ҳазор пиряхҳо бо масоҳати умумии 11146 километри мураббаъ мавҷуданд, ки пиряхи Федченко, Грум –Гржимайло ва Гармо аз бузургтарини онҳоянд. Теъдоди рӯдҳои Тоҷикистон ба 947 адад  мерасад, ки тӯли онҳо ба 28,5 км баробар аст.    Инчунин дар ҳудуди кишварамон 1300 кӯл мавҷуд буда,  бузургтарини онҳо Яшилкӯл, Қарокӯл ва Сарез мебошанд. 200 чашмаи оби маъданӣ барои табобати бемориҳои гуногун истифода мегарданд. Ҳамзамон як нуктаро тазаккур бояд  дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон баъд аз Чин, Россия,  Амрико, Бразилия, Конго, Ҳиндустон ва Канада зинаи ҳаштумро ишғол  менамояд, ки ин бори дигар саршор аз об будани Тоҷикистонро  шаҳодат медиҳад.

Марзия САИДЗОДА

Июль 6, 2017 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд