Мизи мудаввар оид ба муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи сайёҳӣ
ДУШАНБЕ, 14.07.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар «Оид ба муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи сайёҳӣ» баргузор шуд.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳадаф аз ҷамъомад муайян намудани монеаву проблемаҳои соҳа, бартараф намудани камбудиҳо, истифодаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои асосии соҳибкорӣ, омода кардани мутахассисони ҷавобгӯи талабот дар соҳа, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа иборат буд. Дар ҷамъомади мазкур тамоми ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода сухан ронда, зикр намуд, ки маҳз бо талошҳои созанда ва собитқадамонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи сиёсати хирадмандонаи «дарҳои кушод» Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 ба узвияти комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ пазируфта шуда, барои ворид гаштани соҳаи сайёҳии кишвар ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам омад.
Бо ташаббуси навбатии Пешвои миллат Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Мақсади асосии ташкили сохтори нав тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат арзёбӣ мегардад.
Дар заминаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шуданд.
Бояд зикр намуд, ки мақсади асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ин таъмин намудани шароитҳои мусоиди ҳукуқӣ барои ташкили фаъолияти самарабахши субъектҳои фаъолияти туристӣ ва дар ин замина таьсиси бозори самаранок ва рақобатпазири сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имконотро барои қонеъгардонии талаботи шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ ба хизматрасониҳои мухталиф ва сифатноки соҳа таъмин намояд.
Дар ҷамъомад ҳадафҳои Кумитаи навтаъсис ва вазифаҳои нави ширкатҳои сайёҳӣ муаррифӣ карда шуданд.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






