Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон
ДУШАНБЕ, 05.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон нахуст дар вохӯрии хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф оғоз гардида, сипас бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб идома ёфт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташрифи меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, Сарвазири ин кишварро барои ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай пазируфта шудани Ҷумҳурии Исломии Покистон табрик намуданд.
Аз раванди идомаёбандаи тамосҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, изҳори қаноатмандӣ карда, ҷонибҳо дидору вохӯриҳои сатҳи баланди имрӯзаро дар давраи барои таърихи муосири муносибатҳои ду давлат хотирмон – 25-солагии барқароршавии робитаҳои дипломатӣ муҳиму манфиатбор арзёбӣ намуданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои музокироти имрӯза муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои ба ҳам дӯстро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, илму техника ва фарҳанг тақвияти дучанд бахшида, дар оянда воситаи муҳими таҳкимбахши маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон хоҳанд гардид.
Аз сатҳи имрӯзаи ҳамдастиву эътимоди сиёсии миёни ду давлат изҳори қаноатмандӣ карда, ҷонибҳо барои тавсеаи бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ идомаи фаъолияти самарабахш ва тавсеаи кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро муҳим арзёбӣ намуданд.
Ба мақсади мусоидат ба хизматрасониҳо дар арсаҳои ҳамлу нақл миёни ду кишвар ва минтақа ҷонибҳо ҳарчи зудтар мувофиқа намудани Созишномаро оид ба тиҷорати транзитии дуҷониба таъкид карда, ҳамчунин изҳори умедворӣ намуданд, ки доираҳои сармоягузории Покистон дар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои бузургу миёнаи кишвари мо дар соҳаҳои саноат, энергетика, инфрасохтори энергетикию нақлиётӣ, туризм, маориф ва тандурустӣ иштирок хоҳанд кард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон кишвари маҳсур бо хушкӣ мебошад ва бори дигар манфиатдории худро ба истифодабарии имкониятҳои бандарҳои баҳрии Покистон ва шабакаҳои мавҷудаи транзитӣ барои тавсеаи тиҷорат дар сатҳи минтақа таъкид менамояд.
Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамдастии давлатҳоро дар заминаи татбиқи яке аз лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва барои кишварҳои Осиёи Марказию Ҷанубӣ муҳим- лоиҳаи КАСА – 1000 таъкид намуданд.
Дар мулоқоту музокироти сатҳи баланд ҳамчунин доир ба номгӯйи фарохи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷиноякории муташаккили фаромиллӣ, ки ба амнияти ҳар ду кишвар ва тамоми минтақа хатар эҷод месозанд, мубодилаи афкор сурат гирифт.
Зимни мулоқоту музокироти судманд ҳамчунин ба масъалаи пайдо кардани роҳу василаҳои самарадеҳи густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба ва рушду такомули онҳо, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои ҳамкории Шанхай, ҳамкории исломӣ ва ҳамкории иқтисодӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Ҳарду ҷониб ҳамкории фарогир ва созандаи байнидавлатиро мутобиқ ба манфиатҳои дарозмуҳлати мардумони ду кишвар арзёбӣ карда, густариши ҳамгироии минтақавиро,ки ба таҳкими сулҳу субот дар минтақаи фарохи Осиёи Марказию Ҷанубӣ мусоидати ҷиддӣ менамояд, тадбири зарурӣ ва муҳим шумориданд.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон майдони танкронӣ ва 4 дидбонгоҳи сарҳадиро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти марҳилаи дуюми ҶДММ «Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» оғози расмӣ бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансур корхонаи саноатии «Покиза М»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанберо ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо дигар сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ аз Осорхонаи давлатии Эрмитаж боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой сарфароз гардонида шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷопон Санаэ Такаичи мулоқот намуданд






