Ҷонибдории наздик ба бист масъала аз сӯи аъзои Маҷлиси миллӣ

Июль 12, 2017 14:04

ДУШАНБЕ, 12.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Наздик ба 20 масъалаи марбут ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 июл дар иҷлосияи  ёздаҳуми Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баррасӣ ва ҷонибдорӣ  шуданд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси Миллӣ  иттилоъ медиҳад, ки аъзои палатаи болоии Парлумони  Тоҷикистон  чор қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии  узви Маҷлиси миллӣ ва вакили  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон»,   ду қонуни наву мукаммал- қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи арзёбии  таъсиррасонӣ ба муҳити зист» ва «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», инчунин  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи милитсия», «Дар бораи  фаолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи реклама», «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», «Дар бораи  монополияҳои табиӣ»-ро муҳокима ва ҷонибдорӣ намуданд.

Раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода,  Фарҳод Раҳимӣ,  Муҳаммадюсуф  Имомзода ва Раҳмоналӣ Амирзода иброз доштанд,  ки қонунҳои мазкур бо мақсади такмили қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими волоияти қонун ва рушди соҳаҳои  иқтисодию иҷтимоии кишвар ва тақвияти пояҳои давлатдорӣ таҳия гардидаанд.

Дар иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллӣ ҳамзамон  номи баъзе аз маҳалҳои  аҳолинишини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон  иваз карда шуд.

 

Июль 12, 2017 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад